Мақомоти Қазоқистон 81 шаҳрванди Тоҷикистонро аз сармо наҷот доданд

Мақомоти Қазоқистон бар асари сардии шадиди ҳаво ва шароити хатарноки роҳ як автобуси байналмилалиро боздоштанд, ки дар он 81 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла 17 кӯдак қарор доштанд.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон рӯзи 17 январ хабар дод, ки автобус дар шаҳри Кокшетауи вилояти Оқмола боздошта шудааст. Амммо маълум нест, ки мусофирон аз кадом самт сафар мекарданд.

Гуфта мешавад, ҳамаи мусофирон ба як меҳмонхонаи шаҳрӣ интиқол ёфта, бо ҷойи гарм ва кумаки зарурӣ таъмин шудаанд. Зимнан, шаҳрвандони Тоҷикистон аз мақомоти Қазоқистон барои расонидани кӯмак изҳори сипос кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *