Мбаппе: Гризманн иқрор шуд, ки руҳафтода аст

Чанде пеш сармураббии мунтахаби Фаронса Килиан Мбапперо капитани даста интихоб кард ва нашрияҳо навиштанд, ки аз ин тасмими сармураббӣ Гризманн руҳафтода шуда, ҳатто фикри тарки дастаро кардааст.

Тибқи иттилои дастрас, Мбаппе ва Гризманн бо ҳам вохӯрдаанд ва нофаҳмии дар миёнашон бударо ҳал кардаанд.

— Ман бо Гризманн вохӯрдам ва ӯ иқрор шуд, ки руҳафтода аст. Ман ҳам дар ҷои ӯ мебудам, чунин мешудам. Вале бояд бигӯям, ки ман роҳбари ӯ не, балки ҳамдастааш ҳастаму бо ҳам барои пешрафти даста талош мекунем,- гуфтааст Мбаппе.

Ҳамчунин, хабари тарки мунтахаби Фаронсаро Гризманн рад карда, гуфтааст, ки муносибаташ бо Мбаппе хуб аст ва барои даста кори аз дасташон омадаро анҷом медиҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *