Меҳрнигори Рустам чӣ тавр маликаи саҳнаи тоҷик шуд?

Меҳрнигори Рустам 14-уми октябри соли 1994 дар ноҳияи Ховалинги Вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Меҳри ҳунар гӯиё бо шири модар дар рагу пайвандаш ҷорӣ гашта, ин духтараки оҳучашму фатиламӯй ҳанӯз аз синни 5 солагӣ ба сурудхонӣ сар кардааст.

Ситораи хурдакак

Қадамҳои нахустини Меҳрнигор ба ҷодаи ҳунар хеле муваффақона буданд. Соли 2001дар синни 7-солагӣ вай дар озмуни «Ғунчаҳои умед» ширкат варзид, соли 2003 бошад, дар озмуни «Офтобак» ҳунару маҳорати худро нишон дода, соҳиби Шоҳҷоизаи озмун гашт.

Ҳамин тавр роҳаш ба саҳнаи калон кушода шуд ва Меҳрнигор дар озмуни байналмилалии «Йединҷи туркча олимпиадалари» дар Туркия роҳ ёфта, якбора соҳиби ду медал-медали тилло ва медали нуқра гашт. Соли 2006 бошад, дар озмуни «Бозиҳои делфӣ» миёни наврасони кишварҳои ИДМ Меҳрнигори Рустам ба гирифтани ду медали тило-дар бахши таронаҳои мардумӣ ва таронаҳои эстрадӣ ноил гашт.

“Ҷило” ҳунари Меҳрнигорро ҷило бахшиду…

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе озмуни байналмиллалии «Ҷило-2014» барпо гашта, довталабон аз рӯйи 12 наминатсия қувваозмоӣ намуданд. Дар озмуни мазкур машҳуртарин ситораҳои эстрадаи тоҷик аз қабили Нигина Амонқулова, Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед, Ҷонибеки Мурод ширкат доштанд, вале дар бахши «Мусиқии замонавӣ ва машҳур»-и “Ҷило-2014” Нобовар Чаноров овозхони беҳтарини мард ва Меҳрнигори Рустам беҳтарин зани сароянда дониста шуд.

Зебо, доно ва ҳунарманд

 Одатан кӯдаконе, ки ба суруду мусиқӣ шавқу ҳавас доранд, ба омӯзиши фанҳои дигар чандон майлу рағбат надоранд, вале Меҳрнигор дар мактаб толибаи аълохон буда, дониши хеле қавӣ дошт. Соли 2011 Меҳрнигори Рустам мактаби байналмиллалии шаҳри Душанберо хатм намуда, бо қувваю дониши худ ба факултаи академии Консерваторияи Миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дохил мешавад ва дар баробари таҳсил дар ин даргоҳи ҳунар дар дастаи ҳунарии «Ориё»-и назди Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ба фаъолияти ҳунарӣ оғоз намуд. Аз ҳамон вақт инҷониб ин духтараки фариштарӯй дар хизмати халқу Ватан буда, ҳамеша пайи пешравии санъату фарҳанги миллати тоҷик талош меварзад.

1 гулу 100 харидор

Харидорони духтарони зебову машҳур аз мӯйи сарашон ҳам низ зиёданд ва Меҳрнигори Рустам аз ин миён истисно нест. Ин бонуи фариштарӯю фариштахислат талабгорони биёре дорад ва масали машҳури “як гулу сад харидор”-ро ба ёд меорад, вале касе дақиқ гуфта наметавонад, ки Меҳрнигор кай ва ба кӣ ба шавҳар мебарояд, зеро худи сароянда дар бораи ишқу ошиқӣ ва ҳаёти шахсиаш сӯҳбат карданро дӯст намедорад.

Имсол Меҳрнигори Рустам ба синни 28-солагӣ қадам ниҳод. Мо ин бонуи сар то по ҳунарро бо ҷашни милодаш муборакбод гуфта, барояш парвозҳои баланди эҷодӣ ва бахти сафед хоҳонем. Умедворем, ки ин маликаи саҳнаи тоҷик то зодрӯзи ояндааш шоҳзодаи орзуҳои худро пайдо намуда, мову шуморо ба тӯйи арӯсиаш хабар мекунад.

Фирӯза САТТОРӢ

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.