Меҳрнигори Рустам дар Лондон
Ба муносибати 700-солагии шоири бузурги форсу тоҷик Ҳофизи Шерозӣ, санаи 20 июни соли 2025 дар яке аз толорҳои бузурги пойтахти Британияи Кабир, шаҳри Лондон – Central Hall Westminster чорабинии бошукӯҳи фарҳангию мусиқии «Орифонаҳо» баргузор гардид. Дар ин шаби хотирмон, дар баробари ҳунармандони маъруф, овозхони маҳбуби тоҷик Меҳрнигор Рустам низ иштирок ва ғазалиёти Рӯдакиву Ҳофизро бо оркестри симфонӣ сароид.
Ғазалиёти Ҳофиз бо садои Меҳрнигор
Меҳрнигори Рустам дар саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт: “Ман ифтихор дорам, ки дар соли таҷлили 700 солагии Ҳофизи Шерозӣ консерти хотиравӣ дар Westminster Hall-и Лондон баргузор гашт, иштирок доштам.”
Меҳринигори Рустам дар ин консерти бошукуҳ бо либоси зебои тоҷикӣ иштирок кард ва тавре аз наворҳо дида мешавад, ғазалҳои Рудакӣ ва Ҳофизро месарояд.
Консерти мазкур, ки ба бузургдошти 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ бахшида шудааст, аз ҷониби басакори маъруф Ораши Фулодванд созмон дода шудааст. Дар он бузургтарин гуруҳи хори форсизабон дар Аврупо ва ҳамчунин Оркестри бузурги филармонияи Пориси Шарқӣ ширкат мекунанд. Сурудҳои консертро сарояндагон Сино Сороӣ, Маҳдӣ Муҳаммадхонӣ ва Меҳрнигори Рустам иҷро карданд.
Ёдовар мешавем, ки бастакор Ораши Фӯлодванд ҳамонест, ки соли газашта дар бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар ЮНЕСКО консерти бошукуҳе баргузор карда буд ва сарояндаи маъруф Нигина Амонқулова дар он ширкат варзид.
Имсол ҳам 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ дар ЮНЕСКО бо ташаббуси Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин ҷашнвора, ки аз 10 то 14 июн баргузор шуд, аҳли санъату ҳунар ва донишмандони тоҷик низ иштирок карданд. Нахуст ҳамоиши илмӣ таҳти унвони “700 сол бо Ҳофиз” баргузор шуд. Ҳамчунин, дар ҳошияи ин ҳамоиш “Шоми Шашмақом” доир гардид, ки дар он ансамбли давлатии “Шашмақом”-и ба номи Фазлиддин Шаҳобов таҳти роҳбарии Фурқат Саидзода, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ансамбли рақсии “Гулрез” иштирок карданд.
Дар ин ҷашнвора, ҳамчунин консерти академӣ таҳти роҳбари Ораши Фӯлодванд баргузор шуд, ки дар он Ситораи Кароматулло, Шоҳрух Юнусов ва Фирдавс Ҳошимов, овозхонҳои тоҷик якҷо бо оркестри Пориси Шарқӣ ҳунарнамоӣ намуданд.
Дар идомаи ин ҳамоиш бузургдошти Ҳофиз дар Лондон низ баргузор шуд, ки Меҳрнигори Рустам дар он иштиро кард.
Меҳрнигор – ситораи дурахшони саҳна
Ёдовар мешавем, ки Меҳрнигори Рустам яке аз чеҳраҳои шинохта ва маҳбуби мусиқии муосири тоҷик маҳсуб меёбад. Ӯ 14-уми октябри соли 1994 дар ноҳияи Ховалинг таваллуд шуда, аз овони кӯдакӣ ба сарояндагӣ машғул аст. Аз панҷсолагӣ ба саҳна роҳ ёфта, дар озмунҳои ҳунарӣ ширкат кардааст.
Соли 2011 Меҳрнигор мактаби байналмилалии шаҳри Душанберо хатм карда, баъдан таҳсилашро дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов идома дод.
Фаъолияти ҳунарии Меҳрнигор тӯли солҳои охир хеле пурбор буд. Ӯ дар озмунҳои бонуфуз, аз қабили “Бозиҳои Делфий” ва озмунҳои байналмилалии мусиқии кишварҳои Шарқ ширкат намуда, мусиқии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардааст. Соли 2017 бо ҷоизаи “Tamoshow Music Awards” дар бахши эстрада сарфароз гардид. Аз таронаҳои маъруфи ӯ метавон “Фирорӣ”, “Дилбарҷон”, “Гул”, “Ҳамнафас”, “Ҷамал куду” ва “Ҷодугар”-ро ном бурд, ки ҳар кадом миллионҳо шунаванда доранд.
Илова бар фаъолиятҳои мусиқӣ, Меҳрнигор ба тиҷорат низ машғул аст ва бренди косметикии худро бо номи “MERU” таъсис додааст.
Сипеҳр
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ