Медали нуқраи Алиризо дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштин

Дар рӯзи ниҳоии Чемпионати Осиё оид ба гӯштин миёни наврасони то 15-сола варзишгари мо Алиризо Баҳромов медали нуқра ба даст овард.

Алиризо дар вазни -68 кг-и гӯштини тарзи озод дар ду давр бар варзишгарони Қирғизистон (Элхан Эрмеков) ва Қазоқистон (Ербол Маратулӣ), инчунин дар нимфинал бар варзишгари Ҳиндустон (Нишант Руҳил) ғалаба карда, ба финал баромад. Ӯ дар финал аз варзишгари Эрон Ризо Алиакбар Афшор мағлуб гардида, сазовори медали нуқра шуд.

Варзишгари дигарамон, бародари Алиризо Идрис Баҳромов дар вазни -48 кг гӯштин гирифт, вале аз медал бенасиб монд.

Чемпионати Осиё оид ба гӯштин миёни наврасон (U15) ва ҷавонон (U20) дар шаҳри Манамаи Баҳрайн то 10-уми июл идома меёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *