Медали тиллои паҳлавони тоҷик

Дар финали мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи ҷудо дар шаҳри Бейрути Лубнон ду паҳлавони ҷавони тоҷик ба даври ниҳоӣ баромаданд.

Ҷудоварзони тоҷик Муҳаммадҷон Абдуҷалилов ва Шодмон Ризоев дар вазни то 81 кило ба финали Чемпионати Осиё-Уқёнусия-2021 миёни ҷавонон роҳ ёфтанд.

Дар мусобиқае, ки шоми 5 декабр баргузор шуд, Шодмон Ризоев пирӯз гардида, соҳиби медали тилло шуд. Муҳаммадҷон Абдуҷалилов бо медали нуқра сазоворо гардид.

Бино ба хабари Sputnik  Шодмон Ризоев дар даври қаблӣ ҳарифашро аз Ӯзбекистон шикаст дода, ба финал баромад.  

Дар ин қувваозмоиҳо миёни ҷавонон 127 варзишгар, аз ҷумла 82 мард ва 45 зан аз 17 давлат иштирок менамоянд. Тоҷикистонро Хурсандқул Куганов, Абубакр Шеров, Муҳаммадиқбол Тошов, Масъуд Аҳмадзод, Муҳаммадҷон Абдуҷалилов, Шодмон Ризоев, Раҳматулло Мирзоев, Мансур Раҳмон ва Давлатҷон Назриев намояндагӣ мекунанд.

Варзишгарони навраси кишвар дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнусия, ки он низ дар шаҳри Бейрути Лубнон баргузор шуд, 3 медал – 1 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд. Медали нуқраро Парвиз Абдураҳмонов сазовор шуда, биринҷиҳоро Суруш Эркаев ва Муҳамад Юсуфзода ба даст оварданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *