Медали тиллои ду навраси тоҷик дар Абу-Дабӣ (аудио)

Дар шаҳри Абу-Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб мусобиқаи Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу идома дорад. Дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз манотиқи гуногуни ҷаҳон иштирок карда, байни ҳам рақобат мекунанд.

Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 8  варзишгар — Султон Азаматов (27 кг), Абубакр Давлатов (27 кг), Мунис Давлатов (30 кг), Маҳмуродов Шаҳром (56 кг), Ҷовид Умаров (56 кг), Муҳаммад Аскардаев (66 кг), Сулаймон Садуллоев (69 кг) ва Абдураҳмони Баҳром (77 кг) намояндагӣ мекунанд.

Абубакр Давлатов дар вазни то 27 кг ҳарифони худро аз Русия ва АМА мағлуб кард ва нишони 54-уми тиллояшро дар мусобиқаҳо соҳиб шуд.

Мунис Давлатов бошад, дар вазни то 30 кг ҳарифони худро аз Босния ва Ҳерсогевина ва Қазоқистон шикаст дода, нишони 64-уми тиллоро аз мусобиқоти ҷаҳонӣ соҳиб гашт.

Ин ду варзишгари навраси тоҷик — Мунис ва Абубакр ҳоло дар Русия дар толори варзишии дорандаи нишонҳои биринҷии бозиҳои олимпӣ Расул Боқиев тамрин мекунанд. Моҳи ноябри соли гузашта ин ду варзишгар ба Тоҷикистон омада буданд.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу то 18-уми ноябр давом мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *