Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Гирифторони каронавирус марзи 1 миллионро убур кард

Шоми 2-юми апрел шумораи гирифторони коронавирус дар саросари ҷаҳон марзи аз як миллионро убур кард.

Гуфта мешавад, ки то шоми 2 апрел ҳамин тавр, шумораи фавтидагон аз ин вируси қаттол ба 53-ҳазор расид. Шумораи аз ҳама бештари гирифторон – қариб 238 ҳазор нафар – дар Амрико – ва шумораи аз ҳамаи зиёди фавтидагон аз коронавирус – қариб 14 ҳазор нафар – дар Италия сабт шудаанд.750 ҳазор нафар аз ҷамъи гирифторон дар 8 кишвар – Амрико, Италия, Испания, Олмон, Хитой, Фаронса, Эрон ва Британия сабт шуда, қариб 45 ҳазор аз ҷамъи қурбониёни коронавирус низ дар ҳамин 8 кишвар аз олам чашм пӯшидаанд.

Чин, ба гуфтаи мақомоташ, пеши роҳи паҳншавии коронавирусро гирифтааст ва шумори гирифторон дар ин кишвар дар марзи 82 ҳазор нафар гӯё ист кардааст. Вале мақомоти амрикоӣ ахиран гуфтанд, ки Чин омори аслиро дар бораи шумори гирифторон ва қурбониёни коронавирус пинҳон мекунад.

Тоҷикистон аз ҷумлаи чанд кишвари ангуштшумори дунёст, ки хушбахтона, дар ин кишварҳо, ба гуфтаи мақомоташон, то ҳол ягон мавриди сирояти коронавирус сабт нашудааст.

Аз ҳамсояҳои мо дар Қазоқистон 435 мавриди сирояти коронавирус, дар Ӯзбекистон – 205 ва дар Қирғизистон 116 мавриди сирояти коронавирус сабт шудааст. Туркманистон – як кишвари дигари Осиёи Марказӣ низ иддао дорад, ки аз коронавирус эмин мондааст.

Дар Русия ҳудуди 3800 мавриди сирояти коронавирус сабт шудааст. Танҳо дар як рӯзи охир шумораи гирифторон дар Русия ба 771 нафари дигар афзуд.

Президенти Русия Владимир Путин ҳам, ки ҳафтаи гузашта дар бемористони Коммунарка зимни боздид аз беморони коронавирус бо сартабиби он бемористон Денис Протсенко бо даст салом карда буд, баъди ташхиси ин беморӣ дар бадани Протсенко, дар қароргоҳаш дар Ново-Огарёво худро дар инзивои ихтиёрӣ қарор дода, рӯзи 1 апрел ҷаласаи ҳукумати Русияро тариқи онлайн барпо кард.

Шоми 2 апрел Владимир Путин бо як паёми ҷадид ба мардум муроҷиат кард ва гуфт, замони таътилоти вобаста ба коронавирус дар Русия то 30 апрел тамдид карда мешавад. Мардум то поёни моҳ дар хона бояд бимонанд ва маошашон дар ин муддат барои онҳо бидуни каму кост дода хоҳад шуд. Путин қаблан аз 28 март то 5 апрел дар тамоми корхонаҳои Русия, ба истиснои корхонаҳое, ки аҳамияти ҳаётан муҳим доранд, таътил эълон карда буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.