МИҲД-и Суғд ба иштирокдорони ҶБВ кумакпулӣ медиҳад

Ба муносибати 78-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба иштирокдорону маъюбони ин ҷанг ёрии моддии яквақта дода мешавад. Дар ин бора хадамоти матбуоти МИҲД-и Суғд хабар дод.

Тибқи иттилои мазкур, ба иштирокдорону маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговароне, ки дар ин ҷанг ҳалок гардидаанду нафақаи бесаробонӣ мегиранд, ба миқдори 7 000 сомонӣ ёрии моддии яквақта дода хоҳад шуд.

— Инчунин, шахсоне, ки дар солҳои ҶБВ хизмати ҳарбӣ анҷом додаанд ва камаш шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд ва шахсоне, ки барои хизмати ҳарбии бенуқсон ва меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ дар солҳои ҶБВ бо медалҳо сарфароз гардидаанд, ба миқдори 4000 сомонӣ кумакпулӣ дарёфт мекунанд,- омадааст дар хабар.

Дар маҷмуъ 445 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ тақдим мегардад, ки аз он 77 000 сомонӣ ба 11 нафар иштирокдорону маъюбони ҶБВ ва 368 000 сомонӣ ба 92 шахси дар ақибгоҳ фаъолият кардаву дорандагони медалҳо рост меояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *