Прокуратураи генералӣ

Вокуниш ба навори латукӯби сарбозон. Гумонбарон боздошт шуданд

Шоми дирӯз Прокуратураи ҳарбии Тоҷикистон ба навори латукӯби сарбозон вокуниш нишон дод. Дар ин бора маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Тибқи хабар, зимни гузаронидани санҷишҳо Прокуратураи ҳарбӣ муайян кардааст, ки тахминан санаи 15-уми декабри соли 2022 дар қисми ҳарбии 0215-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ сержант Ҷонибек Қосимзода бо сарбозони қатории ҳамдаъвати худ Фахриддин Азимов, Аъзам Камолов, Маҳмадназар Нозимов ва Ҳоҷиакбар Сайфуллоев қаблан маслиҳат карда, талаботи Оинномаи интизомӣ ва Оинномаи хизмати дохилии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дағалона вайрон намудаанд. Номбурдагон бо мақсади нишон додани бартарии худ ҳамхизматонашон сержанти хурд Меҳмонҷон Мисиров, қаториҳо Бекзод Чориев, Замир Каримзода, Некруз Амиров ва Алишер Мусоевро мавриди шиканҷаву озор қарор дода, ба саломатиашон халал ворид кардаанд.

Дар пайи ин ҳодиса 24-уми апрел прокурори ҳарбии гарнизони Суғд тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд. Гумонбаршудаҳо боздошт гардида, тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки 24-уми апрел дар шабакаҳои интернетӣ навори латукӯби як гурӯҳ ҷавонони дар тан либоси ҳарбидошта паҳн карда шуд, ки аз ҷониби корбарон вокуниши зиёдеро ба бор овард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *