Миллиардҳо Ӯзбекистон мераванд, хомӯшӣ дар Тоҷикистон (ШАКЛИ ПУРРАИ МАҚОЛА)

Русия ҳудуди 3 000 000 мутахаcсиси соҳаи IT дошт. Баъд аз “амалиёти махсус” дар Украина беш аз 70 000 мутахассиси ин соҳа хоки Русияро тарк карданду барои кори муваққатӣ ва доимӣ Тошканд, Алмаато, Боку, Ереван ва Тифлисро интихоб карданд. Чаро Душанберо интихоб накарданд?

 Международный технопарк для стартаперов и инноваторов открылся в Астане

Иҷораи ройгон барои барномасозон дар Қазоқистон

Агар дар мисоли кишварҳои Осиёи Марказӣ назар намоем, соҳаи IT хеле босуръат пеш меравад. Масалан, дар Қазоқистон 10 сол пеш системаи IT роҳандозӣ гардида, имтиёзҳои зиёде ба барномасозон ва муассисони ширкатҳои IT дода шудааст. Аввалин Парки техлоногӣ дар Қазоқистон ҳанӯз соли 2003 дар шаҳрии Алмаато таъсис дода шуда буд. Пас аз он дар дигар минтақаҳо низ ҳамин гуна платформаҳо ба кор даромаданд ва ҳоло дар кишвар як системаи мукаммали IT — технология амал мекунад.

Дар Қазоқистон ҳам ба шаҳрвандони худаш ва ҳам хориҷиён барои фаъолият дар соҳаи IT имтиёзҳои зиёде пешбинӣ шудааст. Масалан, шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд 5 сол бидуни раводид дар Қазоқистон ба фаъолияти барномасозӣ ва рақамикунонии иқтисодиёт машғул шаванд. Дар ин кишвар онҳое, ки дар самти IT — тенология кор мекунанд, аз андоз озоданд. Танҳо ширкатҳо аз даромади кормандони Парки технологӣ ба хотири васеъ намудани платформаи фаъолият миқдори ками андоз меситонанд. Андоз аз дивидендҳои гирифташуда низ ситонида намешавад. Илова бар ин, шумо метавонед аз имтиёзҳои андоз барои иштирокчиёни AIFC, як қаламрави алтернативӣ, ки барои ширкатҳои технологӣ кор мекунад, истифода баред.

Ҳамзамон, дар бинои Парки технологӣ барномасозон метавонанд 12 моҳ бидуни иҷорапулӣ фаъолият намоянд. Барои онҳое, ки дар оғози фаъолият қарор доранд, аз 20 то 50 ҳазор доллар қарзи имтиёзнок пешбинӣ шудааст.

Ба ҷойи 5 ширкат 1 вазорат дар Қирғизистон

Дар Қирғизистон Парки технологӣ бо низоми махсуси қонунӣ ва имтиёзноки андоз соли 2013 боз шудааст. Сол аз сол барномасозон ва мутахассисони IT дар Қирғизистон зиёд мешаванд. Баъзеи онҳо дар хона истода, тавассути шартнома барои ширкатҳои байналмилалӣ барномаҳои рақамӣ таҳия мекунанд ва аз ин миллионҳо доллар барои худ ва кишварашон фоида меоранд. Яъне, маблағ аз берун ворид мешавад ва дар иқтисоди кишвар гардиш мехӯрад. Масалан, чанде пеш ширкати қирғизии Namba Group бо намояндагони Маркази байналмилалии молии Остона дар Қазоқистон вохӯрӣ гузаронида, ба соҳаи технологияҳои иттилоотӣ 1 миллион доллар сармоя ҷалб кардааст. Ширкат тасмим гирифт бо ин маблағ замимаи онлайниеро роҳандозӣ кунад, ки тамоми хидматҳо ва пардохтҳоро якҷо мекунад. Ҳоло теъдоди кормандони Парки технологӣ дар Қирғизистон аз 2000 нафар ҳам гузаштааст. Онҳо асосан фармоишҳои калонро аз кишварҳои Амрикову Русия, Кипру Туркия қабул мекунанд ва барномаҳои байналмилалиро таҳия карда, миллиардҳо ба даст меоранд. Ҳамагӣ 1 фоиз аз даромади ширкатҳои IT ба буҷети давлат меравад. Боқимонда барои рушди соҳа ва васеъ намудани ҳудуди фаъолият масраф мешавад. Масъулини Парки технологӣ тасмим гирифтаанд, ки то соли 2030 теъдоди барномасозонро ба 30 ҳазор нафар ва нишондиҳандаҳои молиро ба миллиард доллар расонанд.

Ҳатто, дар Қирғизистон чанде аз корхонаҳои марбут ба технология барҳам дода шуда, ба ҷойи онҳо Вазорати рушди рақамӣ таъсис ёфтааст. Ин вазорат лоиҳаҳои бузургро амалӣ месозад. Минтақаҳоро бо интернет таъмин карда, хизматрасонии рақамиро назорат мекунад. Барномасозони мустақилро дастгирӣ менамояд.

IT — раводид дар Ӯзбекистон

Ӯзбекистон ҳамасола аз ҳисоби соҳаи IT беш аз 100 миллион доллар даромад ба даст меорад. Соли 2019 Президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев IT — парк боз карда, барои фаъолияти барномасозон тамоми шароитро фароҳам овард. Мақсади ӯ ҳам рушди ин соҳа аст. Дар Ӯзбекистон сомонаи махсус баҳри гирифтани раводид барои барномасозон ва мутахассисони хориҷӣ роҳандозӣ шудааст. Дар ин кишвар низ ширкатҳои барномасозӣ аз имтиёзҳои андозӣ бархӯрдоранд, ки он мувофиқи қонунгузорӣ то соли 2028 амал мекунад. Ширкатҳои марбут ба фаъолияти техологияҳои рақамӣ пурра аз тамоми намуди андозҳо ва барои ворид намудани технологияҳои рақамӣ аз боҷи гумрукӣ озоданд. Илова бар ин, андоз аз дивидендҳои ширкатҳои хориҷӣ то 5 дарсад ва андоз аз даромад то 7,5 дарсад коҳиш ёфтааст. Барои сармоягузорон, муассисони ширкатҳои IT, мутахассисони хориҷӣ ва инчунин, аъзои оилаи онҳо IT — раводид ҷорӣ карда шудааст.

Ба шарофати барномаи “One Million Uzbek Coders”, ки соли 2019 роҳандозӣ шудааст, инчунин, кушода шудани IT — марказҳо дар минтақаҳои кишвар, ҳамасола беш аз 50 ҳазор нафар мутахассисони ҷавони соҳа ин ҷоро хатм мекунанд.

Дар доираи IT — парк барномаи TashRush роҳандозӣ шудааст, ки тибқи он ба ширкатҳои хориҷӣ ва мутахассисони IT барои кушодани шахсони ҳуқуқӣ (бо принсипи OneStopShop), дарёфти офисҳо, ҷалби кадрҳо ва кумак ба IT — мутахассисон дар мутобиқсозӣ ва дарёфти ҷойи кор дар ширкатҳои IT — резидентҳо хидматҳо пешниҳод карда мешаванд.

«Дар Ӯзбекистон як қатор ширкатҳои бузурги IT-и хориҷӣ намояндагиҳои худро боз карданд. Ҳоло дар онҳо беш аз 5 000 мутахассис кор мекунанд. То охири соли 2023 ин рақам бояд ба 10 000 нафар расад. Бо шарофати онҳо содироти хизматрасонии IT то 100 миллион доллар афзоиш меёбад»,- қайд мекунад Spot.

«Як мутахассиси соҳаи технологияҳои иттилоотӣ барои хизматрасониҳои берунӣ бо маоши миёна дар як моҳ 2000 доллар ва дар як сол 24000 доллар даромад меорад. Агар аз 40 000 зиёд чунин кормандон бошанд, даромади онҳо 1 миллиард долларро ташкил медиҳад”,- иброз доштааст вазири технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Ӯзбекистон Шерзод Шерматов дар яке аз ҷаласаҳо.

Як саволу чанд ҳайрат

Акнун бармегардем ба Тоҷикистон, то бубинем, ки соҳаи IT чӣ ҳол дорад. Соле қабл Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон тасмими боз намудани Парки технологиро гирифта буд. Барои ин кор ҳам Шералӣ Кабир, вазири саноат ва техлогияҳои нав бо гузашти чанд муддат пас аз таъин шудан ба ин мақом дасту остин барзад. Нияти ӯ ба ҳам овардани мутахассисони риштаи IT буд. Иқдоми хуб, вале чун дар бисёре аз кишварҳо ин сохтор мустақил ва чун Сингапур зери назорати шахси аввал қарор дорад.

То куҷо мақсади боз намудани Парки технологӣ дар Вазорати саноат иҷро шуд ва самар овард? Тоҷикистон IT — парк дорад? Барои посухи саволҳо ба Бақо Ҳотамов, сухангӯи вазорат иртибот гирифтем. Ӯ бо шунидани савол андак дар тааҷҷуб монд. Баъди такрори ду-се маротибаи савол чунин ҷавоб гуфт:

— Дар Дарвоз ва Панҷ чунин парк кушода шуда буд.

Ин посухи ҳайратовар буд. Чаро Дарвозу Панҷ? Ва баъди пурсидани шарҳи бештар ӯ ҳам барои худро аз вазъият раҳонидан, рақами телефони сардори раёсати технологияҳои навро дод ва таъқид кард:

— Ӯ мутахассис аст. Занг занед, ба шумо ҷавоб мегӯяд.

Бо дили пур ба сардори раёсат занг задем. Ӯ гӯширо гирифт ва дар посух ба пурсиш чунин гуфт:

— Пешниҳодҳо барои қабули қонун ироа шуда буданд. Аммо то ҳол ин масъала ҳал нашудааст. 

Аз ӯ шарҳи бештари масъаларо хостем.

— Телефони маро кӣ дод? Ҳоло ман серкорам, ҷавоб гуфта наметавонам. Баъдтар худам занг мезанам.

Аз ин гуфтугӯ то чопи газета 30 соат гузашт. Посухе нест!…

Ба ҷойи хулоса

Ба назари мо, айни замон соҳаи IT такондиҳандаи рушди иқтисоди ҳар кишвар аст. Дар Тоҷикистон ҳам бояд мисли Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо таваҷҷуҳ зоҳир гардад. Яъне, имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ дода шаванд, кадрҳо омода шаванд, мушкилоти интернет ҳал шавад, IT — парк таъсис ёбад, иқтисоди кишвар манфиати бештар хоҳад дид. Бубинед, кишварҳое, ки ин соҳаро дастгирӣ карданд, аллакай манфиатро дида истодаанд. Як мисол кифоят аст. Дар муноқишаҳои ахири Украина ва Русия коҳиши даромад аз интернет ва маҳдуд шудани интиқоли маблағ, қариб 70 ҳазор мутахассисони IT тарки кишвар карданд. Куҷо рафтанд? Албатта, бештарон ба кишварҳое, ки ба соҳа имтиёз дода шудааст. Аз ҷумла, Ӯзбекистон ва Қазоқистон, Арманистон, Гурҷистон. Аммо Тоҷикистонро интихоб накарданд. Ёбеду гиред! Интихоб аз рӯи воқеият сурат мегирад, на ҳисоботи рӯйи қоғаз.

Кишварҳои шарики Тоҷикистон 10 сол аст, ки барои гирифтани бозори IT талош меварзанд. Муваффақ ҳам шуданд. Аммо масъулини Тоҷикистон дар хоби ғафлатанд?

Хонандагони “Тоҷикистон” мехоҳанд воқеиятро аз забони масъ

улин шунаванд.

Интизори ҷавобем!

Усмон РАҲИМЗОДА,

[email protected]

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

5 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.