Мирзо Аҳмадзода даргузашт

Адабиётшиноси шинохтаи тоҷик профессор Мирзо Аҳмадзода субҳи 5 апрел дар синни 88 аз олам чашм пӯшид. Маросими дафни ин донишманди барӯманд ва декани собиқи риштаи забоншиносии Донишгоҳи омӯзгории Душанбе соати 14 дар минтақаи дуюми ноҳияи Мастчоҳ доир мешавад.

Мирзоҳайдар Умарзод хабар дод, ки доктори илмҳои филология, профессор Мирзо Аҳмадзода субҳи 5 апрел аз олам чашм пӯшид. Умарзод дар саҳифааш дар Фейсбук навишт: «Субҳи имрӯз олими фалсафа, доктори илм, профессори, устоди устодони собиқ донишгоҳи педагогии ба номи Садриддин Айнӣ, мудири кафедра ва декани факултаи филология тоҷик, Мирзо Аҳмедов ҷаҳони фониро падруд гуфта, ба абадият пайвастанд. Маросим гусели ин марди бузург соати 14: 00 дар хонаи фарзандашон, ки дар минтақаи 2-и ноҳияи Масчо воқеъ аст, баргузор мегардад. Аз шогирдону, устодону ёру дӯст як каф дуо хоҳонем.Илоҳӣ манзили охирати устод, биҳишти анбарин бошад. Омин.

Мирзо Аҳмадзода 13 майи соли 1930 дар деҳаи Падроғи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар оилаи марди донишманду шоирпеша Аҳмад Мираминзода, маъруф ба Эшони Муфтӣ, аз ҳамсабақҳои устод Садриддин Айнӣ дар мадрасаи Бухоро ба дунё омадаааст. Ӯ соли 1950 омӯзишгоҳи муаллимтайёркунии шаҳри Ӯротеппа ва соли 1956 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кард. Баъди хатми донишгоҳ ду сол дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон ва сипас то соли 1968 дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳо кор кард.

Соли 1968 ба ҳайчси дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории Душанбе ба кор пазируфта шуд ва сипас то поёни умр дар ҳамин мактаби олӣ кор кард. Мирзо Аҳмадзода аз ҷумла солҳои 1978-1986 декани риштаи филологияи тоҷик ва аз соли 1987 мушовири кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи омӯзгории Душанбе буд. Ӯ барои корҳои илмиаш соҳиби унвонҳои доктори илмҳои филология ва профессор гардида, ба унвони «Аълочии маорифи Тоҷикистон” низ сазовор шудааст.

Мақолаҳои илмиаш аз соли 60 асри 20 чоп шудаанд. Мирзо Аҳмадзода зиёда аз 100 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ, рисолаҳо доир ба масъалаҳои гуногуни адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик таълиф намудааст. «Дарвеши Деҳакӣ» (1967), «Усули таълими ҳаёт ва эҷодиёти Ҳусайн Воизи Кошифӣ» (1969), «Хоҷа Осафи Ҳиравӣ» (1971), «Аҳаммияти «Нафаҳоту-л-унс» барои омӯхтани ҳаёт ва эҷодиёти шоирони форс-тоҷик» (1979) ва ғайра аз ҷумлаи онҳоанд. Мирзо Аҳмадзода дар омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти адиб ва мутафаккири асри 15-и форс-тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифӣ саҳми арзанда дорад. Ҳаёт ва эҷодиёти ин шахсиятро таҳқиқ намуда, бадин васила масъалаҳои ахлоқи ҳамида, усулҳои давлатдорӣ ва ғайраро матраҳ намудааст.Мирзо Аҳмадзода мураттиби мунтахаби ашъори Шавкати Бухороӣ, Убайди Зоконӣ, Адиб Собири Тирмизӣ, Дарвеши Деҳакӣ, Аҳмад Мираминзода ва дигарҳо мебошад.

Осор

Дарвеши Деҳакӣ, Д., 1967

·Шавкати Бухороӣ. Ашъори мунтахаб, Д., 1968

·Анвори Суҳайлӣ. Дурдонаҳои наср, Д., 1991

·Футуватномаи султонӣ. Дурдонаҳои наср, Д., 1991

·Одобунасҳоб. Дурдонаҳои наср, Д., 1991

·Насри ахлоқӣ-бадеии Ҳусайн Воизи Кошифӣ. Қ. 1, Д., 1994

·Фахриддин Алии Сафӣ, Д., 1998

·Мулоаҳмадов Мираминзода. Девони ашъор, Д., 1999

·Насри ахлоқӣ-бадеии Ҳусайн Воизи Кошифӣ. Қ.2, Д., 2004

·Ахлоқи ҳамида ва дастури давлатдорӣ, Д., 2006

·Адиб Собири Тирмизӣ // дар кит. Гулшани адаб. ҷ.1, Д., 1976; Убайди Зоконӣ // дар кит. Гулшани адаб. ҷ. 2, Д., 1975

·Шавкати Бухороӣ // дар кит. Гулшани адаб. ҷ. 4, Д., 1967[1]

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *