Амонатбонк: Мизоҷони муҳтарам аз қаллобон эҳтиёт бошед!
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабари бардуруғ оид ба тақдими 2000 сомонӣ ҳамчун туҳфа аз ҷониби Амонатбонк нашр гардидааст.
Қаллобон бо ин хабари бардуруғ диққати Шуморо ҷалб намуда, талаб менамоянд, ки назарсанҷии махсусро гузаред.
Дар натиҷаи гузаштани ин назарсанҷӣ эҳтимолияти дастрас намудани маълумотҳои шахсии корти Шумо аз ҷониби қаллобон дида мешавад.
Амонатбонк расман ба маълумоти Шумо мерасонад, ки назарсанҷии мазкур ва эълон оид ба тақдими маблағ куллан бардуруғ мебошад.
Аз ин рӯ, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба ин гуна эълонҳо бовар накунед ва ба доми фиреби қаллобон наафтед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ