Моҳигири бадмастро бо ресмон наҷот доданд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ дар сомонаи худ иттилоъ дод, ки як моҳигири бадмаст аз дарёи “Душанбе”, назди тарабхонаи “Яккасорой” наҷот дода шуд.

Манбаъ хабар медиҳад, ки шоми 8-уми июн дар як ҷазираи хурдакаке дар дарёи “Душанбе”, ки аз назди тарабхонаи “Яккасарой” мегузарад, як одам намудор шудааст. Дастаи имдодгарон аз Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расида, мардро наҷот додаанд.

Гуфта мешавад, ки ҳарорати об дар ин вақт 17-18 дараҷа гарм буда, наҷотдиҳандагон бо истифода аз ресмони эҳтиётӣ ба назди ин мард омада, ӯро ҷавшани наҷот пӯшонида ва бо ресмон баста, ба соҳил баровардаанд.

Маълум мегардад, ки ин мард 63 сол дошта, сокини шаҳри Кӯлоб будааст. Ҳангоми моҳидорӣ сархуш аз шароб ба об сарозер шуда, мавҷи пурхурӯш ӯро ниҳоят ба ҷазираи хурдакак партоб кардааст. Муддатҳо талош кардааст, ки ҷонашро наҷот диҳад, вале беҳуда. Марди наҷотёфта ба ёрии тиббӣ ниёз надоштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *