Модари кӯдакфурӯш дастгир шуд

Бино ба итилои ВКД, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 56-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар хариду фурӯши кӯдаки ноболиғ дастгир карда шуд.
Гумонбаршуда, моҳи майи соли 2011 дар таваллудхонаи шаҳри Душанбе писар таваллуд карда, кӯдаки навзодашро охирҳои моҳи декабри соли 2011 ба зани 55-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба маблағи дусад доллари амрикоӣ фурӯхтааст. Баъдан, зани дуюм кӯдакро бо ному насаби оилааш ҳуҷҷатгузорӣ намудааст.
Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ давом дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *