Боз ҳаво то 18 дараҷа хунук мешавад

Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия мегӯяд, рӯзҳои 11 ва 13 январ кишварро ҳавои сард фаро хоҳад гирифт. 

Тибқи иттилои ин ниҳод, дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво дар аксар минтақаҳои кишвар поин меравад: “Ҳаво дар манотиқи куҳии вилояти Суғд, Навоҳии тобеи марказ ва ВМКБ то 13-18 дараҷа сард хоҳад шуд”.

Манбаъ мегӯяд, сардии ҳаво дар навоҳии Лахш, Шуғнон ва Ишкошим шабона ба 22-27 ва рӯзона 5-10 дараҷа мерасад: “Дар навоҳии шарқии ВМКБ ҳарорат шабона 32-37 рӯзона 14-19 поин меравад. Дар минтақаи Булункул бошад, шабона 55 дараҷа ва рӯзона 28 дараҷа сард хоҳад шуд”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *