Молдова

Молдова аз ИДМ хориҷ мешавад. Чаро?

— Имрӯзҳо мо даҳҳо созишномаеро, ки дар доираи ИДМ имзо карда будем, бекор карда истодаем. Мо ба ин корамон идома хоҳем дод. Танҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқ 20 созишномаро бекор кардем. Ин рӯйхат идома дорад,- изҳор дошт вазири корҳои хориҷии Молдова.

Гуфта мешавад, ки ин кор ду сабаб дорад. Аввалан, Молдова мехоҳад сиёсати хориҷии худро бо Иттиҳоди Аврупо ҳамвор созад. Дувум, Молдова Русияро ба он айбдор мекунад, ки сепаратизмро дастгирӣ карда, тавассути эътирозҳо мехоҳад ҳукумати Молдоваро сарнагун созад.

Дар ин бора президенти Молдова Майя Санду ва Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар ба расонаҳо изҳор доштаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *