«Мошинҷаллоб»-и ваъдахилоф дастгир шуд
Як ҷавони 27-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир кардани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. Дар ин бора ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тавре иттилоъ дода мешавад, номбурда моҳи ноябри соли 2022 ду бор ду сокини шаҳри Душанберо фиреб додааст; якум маротиба ба боварии як марди 52-сола даромада, бо ваъдаи 1-то мошин аз ӯ 95 ҳазор сомонӣ мегирад, аммо ба ваъдааш наистода, то ҳол ӯро фиреб дода гаштааст. Дуюм маротиба аз як зани 45-сола 117 ҳазор сомонӣ гирифта, боз ҳам 1 мошин ваъда дода, то ҳол ӯро фиреб дода гаштааст.
Инчунин, гуфта мешавад, ки ҳамин нафар аз як ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Кушониён низ боз ҳам бо ваъдаи 1 адад автомашинаи тамғаи «Тайота Кемри» 72 ҳазору 500 сомонӣ гирифта, аммо то ҳол ӯро низ фиреб дода гаштааст.
ВКД мегӯяд, ки нисбати ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ