Муҳаққиқи соҳибназар. Ба муносибати 80-солагии профессор Муслиҳиддин Муҳиддинов
Муҳаққиқи пуркор ва адабиётшиноси соҳибноми кишвари Ӯзбекистон, доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов Муслиҳиддин Муҳиддинов яке аз адабпажӯҳоне аст, ки аввали солҳои ҳафтодуми асри гузашта ба майдони адабиётшиносӣ қадам ниҳода, дар чанд самти муҳим барои рушди соҳа хидмат карда меояд.
Ҳамчун адабиётшиноси пуркор ӯ на танҳо дар доираҳои илмии кишвари Ӯзбекистон, балки дар Тоҷикистон, Русия, Туркия ва чандин мамолики Аврупо низ шуҳрат дорад, зеро на танҳо нигоштаву мақолаҳои вай дар маҷаллаву маҷмуаҳои илмӣ ба чоп расидаанд, балки монографияҳои алоҳидааш низ дар ин мамолик интишор ёфтаанд, ки вусъати назар, доираи эътирофи ӯро бозгӯӣ мекунанд. Доманаи тамоюлҳои мавзуоти мавриди таҳқиқи адабиётшинос Муслиҳиддин Муҳиддинов пурвусъат буда, дар меҳвари корномаҳои илмии ӯ чандин масъалаҳои муҳими адабиётшиносӣ, аз ҷумла баррасии чеҳраи инсони комил дар андешаҳои мутафаккирони Шарқ, таҳқиқи татбиқии маснавиҳои Низомии Ганҷавӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Амир Алишери Навоӣ, андешаҳои ахлоқӣ дар адабиёти тоҷику ӯзбек, таҳаввули сужаҳои марбут ба Баҳроми Гӯр дар адабиёти ӯзбек, таъсири ғояҳои ҷараёни нақшбандия дар адабиёти тоҷик ва ӯзбек ва амсоли ин қарор гирифтаанд. Ҳанӯз дар соли 1972 дар заминаи ҷойгоҳи достонҳои “Баҳром ва Гуландом” ва “Баҳром ва Дилором” дар адабиёти классикии ӯзбек ва таҳаввули сужаҳои марбут ба Баҳроми Гӯр таҳқиқоти муҳиме ба анҷом расонида, дар ин замина рисолаи номзадии хешро низ ҳимоя кардааст. Ин асар таҳти унвони “Произведения цикла «Бахрам и Дилором» и «Бахрам» и «Гуландам» в узбекской литературе (эволюция сюжета Бахрам Гуре)” соли 1972 дар Тошканд ба чоп расидааст.
Аз ин нуқтаи назар, бо итминони комил метавон изҳор дошт, ки таълифи рисолаи номзадӣ ва эътирофи он чун як пажӯҳиши арзишманд роҳи профессор Муслиҳиддин Муҳиддиновро дар мактаби навоишиносии ӯзбек, хоса мактаби навоишиносии ҳавзаи илмии Самарқанд ҳамвор намуд. Дар идома, дар баробари фаъолияти пурдоманаи хеш дар илми адабиётшиносӣ, профессор Муслиҳиддин Муҳиддинов корномаҳои илмии хешро дар навоишиносӣ вусъати тамом бахшида, чандин паҳлуҳои эҷодиёти асосгузори адабиёти ӯзбек Амир Алишери Навоиро ба риштаи таҳқиқ кашид ва рисолаи доктории хешро низ дар иртибот ба эҷодиёти ин шоири бузург ба қалам овард. Мавзуи меҳварии ин таҳқиқот низ ба баррасии консепсияи инсони комил дар эҷодиёти Алишери Навоӣ ва муқоисаи он бо афкори суханварони гузашта иртибот гирифта, таҳти унвони «Алишер Навоий ва унинг салафлари ижодида инсон концепцияси («Хамса»ларнинг биринчи достонлари асосида)» таълиф ва дар соли 1995 ба дифоъ расид. Баъдан, дар заминаи ин пажӯҳиш ва дигар таҳқиқоти марбут ба эҷодиёти Алишери Навоӣ китобҳое чун “Қунгил ҳайратлари”(Шигифтии қалб) дар бораи маснави “Ҳайрат-ул-аброр”-и Навоӣ, “Шарқ адабиётида адабий-танқидий қарашлар тарихидан” (Хусрав Деҳлавий ва Алишер Навоий мисолида), “Афкори адабӣ-танқидӣ дар адабиёти Шарқ” (дар мисоли эҷодиёти Хусрави Деҳлавӣ ва Алишери Навоӣ), “Алишер Навоий «Хамса»-сида маънавий пок инсон талқини” (Тарғиби инсони покизамазҳар дар “Хамса”-и Навоӣ”), “Алишер Навоий ва унинг салафлари ижодида комил инсон талқини” (Тарғиби ғояи инсони комил дар эҷодиёти Алишери Навоӣ ва суханварони гузашта) ва амсоли инро ба қалам овард, ки чанд паҳлуи вежагиҳои мероси адабии ин адиби барҷастаро фаро мегиранд.
Дар умум, аз 30 монографияе, ки ба қалами Муслиҳиддин Муҳиддинов тааллуқ доранд, бештар аз 20 адади он ба таҳқиқи осори Алишери Навоӣ тааллуқ доранд. Теъдоди зиёди мақолоти профессор Муслиҳиддин Муҳиддинов низ ба баррасии масоили марбут ба эҷодиёти Алишери Навоӣ ихтисос ёфтаанд, ки ҳамагӣ шореҳи саҳми бузурги ин адабиётшиноси соҳибном дар навоишиносии ҷаҳонӣ ишорат мекунанд.
Профессор Муслиҳиддин Муҳиддинов дар тарбияи кадрҳои илмӣ низ саҳм гузошта, зери раҳнамоии ин олими шинохти 12 нафар рисолаҳои доктории PhD, 5 нафар рисолаҳои доктории (DSc) таълиф кардаанд.
Дар ин рӯзҳои фарорасии ҷашни мубораки 80-солагии мавлуди устод Муслиҳиддин Муҳиддинов пеш аз ҳама таманно мекунем, ки ҳамеша тандуруст, комгор, муваффақ бошанд, то аз баракоти офтоби маърифат ва хирадашон ҳамкорону шогирдон, дӯстону пайвандон ҳамеша баҳраманд бошанд.
Нуралӣ НУРЗОД,
профессор
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ