Муҳаммад дар мусобиқаи байналмилалии бокс соҳиби медали нуқра гардид

Варзишгари тоҷик Муҳаммад Аброриддинов дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс, ки ба хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, генерали артиш Сагадат Нурмагамбетов дар шаҳри Алмаато баргузор шуд, медали нуқра ба даст овард.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар, дар мусобиқа дар баробари варзишгарони кишвари мизбон, муштзанҳо аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон иштирок карданд.

— Муҳаммад Аброриддинов дар вазни +92 кг дар финал аз варзишгари мизбон Дамир Тойбай мағлуб шуда, ба медали нуқра сарфароз гашт. Мусобиқа тибқи қоидаҳои Ассотсиатсияи байналмилалии бокс аз рӯи 13 вазн миёни мардҳо сурат гирифта, Қазоқистон 44 медал (10 тилло, 10 нуқра, 24 биринҷӣ), Ӯзбекистон 5 медал (3-1-1), Қирғизистон 2 медал (0-1-1) ва Тоҷикистон 1 медал (0-1-0) ба даст оварданд,- меафзояд манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.