Муҳаммадуллоҳи Табарӣ: Театри тоҷик аз замона қафо мондааст   

Оё театри тоҷик ҳамқадами замона ҳаст? Оё ормонҳои инсони муосир дар саҳнаи театр инъикос мешаванд? Театри тоҷик ба талаботи тамошобин ҷавобгӯ аст? Дар арафаи Рӯзи театр, ки 7-уми ноябр дар кишвари мо таҷлил мешавад, бо театршинос Муҳаммадуллоҳи Табарӣ суҳбат оростем ва ба ин суолҳо посух ҷустем…

— Устод, оё ҳаёти ҷомеаи имрӯз дар театр инъикоси худро меёбад?

— Мардум аз санъату ҳунар, бахусус аз театр ҳамеша ҷавобҳои тайёрро нисбат ба мушкилоти зиндагиашон интизоранд. Аммо ҳамеша чунин нест, зеро театр чун як ҷузъи ҳунар муаммоҳои ҳаётро файласуфонаву пардапӯшона пешниҳод мекунад. Дар баробари ин, имрӯзҳо асарҳое, ки инъикоскунандаи замони муосир бошанд, кам нестанд. Биноан, вақте устураҳои қадиме чун «Рустам ва Суҳроб»-ро ба намоиш мегузоранд, ҳарчанд онҳо моли таърихианд, вале ба масоили рӯз низ дахл дошта метавонанд. Яъне дар театр асарҳои фолклорӣ, таърихӣ ва фалсафӣ ҳам ба намоиш гузошта шаванд, ба ҷомеаи имрӯз равона мегардад.

— Ба андешаи шумо, чаро ҷомеаи имрӯз нисбат ба маънавиёт, бахусус ба театр камтаваҷҷуҳ шудааст?

— Ин раванд на танҳо дар кишвари мо мушоҳида мешавад. Бинобар ин, театр шеваҳои нави пешниҳодро бояд биҷӯяд, ки ҳамқадами замон бошад. Театрҳои мо низ уҳдадоранд асарҳое рӯи саҳна гузоранд, ки ҳарчи бештар ба ҷомеа наздик бошад, ниёзҳои маънавии мардумро барорад. Хусусан, дар ҳоли ҳозир, ки ҷаҳонро воқеоти ногувор фаро гирифтааст ва ин ба мафкураи ҷавонон бетаъсир намемонад. Асарҳои театрӣ бояд фосилаи байни замонҳоро бишкананд ва бо ҷомеа наздик бошанд. Мутаассифона, театри тоҷик аз замон қафо мондааст. Ман намегӯям, ки театрҳои мо кор намекунанд, дастовард надоранд. Репертуари театрҳои мо рангоранг мебошад, вале ҳанӯз ин кам аст. Бояд роҳҳои нав, шеваҳои навро ҷӯё шуд. То театр ба ҷавонон наздик бошад, дар такомулу ташаккули онҳо нақш дошта бошад ва як ҷузъи зиндагии онҳо шавад.

Мо насли калонсол завқи ҷавонони даврони истиқлолро бисёр вақт нодида мегирем, вале бояд бидонем, ки завқи онҳо хеле баланд аст. Ҷавонони имрӯз тариқи телефонҳои мобилӣ имкони тамошои беҳтарин саҳнаҳо ва намоишҳои сатҳи ҷаҳониро доранд, ки онҳо ҳам аз ҷиҳати драматургия, ҳам аз ҷиҳати ҳунари бозигарӣ ва ҳам аз лиҳози технологияи ҷадид хеле пешрафтаанд. Вакте пешрафтҳои ҷаҳониро бо театри мо муқоиса мекунанд, табиист, ки дигар таваҷҷуҳ намекунанд…

— Феълан дар ҷумҳурӣ барои театрҳо биноҳои нав қомат рост мекунанд. Оё ин метавонад ба дурнамои театри тоҷик таъсир гузорад?

— Албатта, таваҷҷуҳи ҳукумати мамлакат ба театр қобили таҳсин аст. Бино шудани Театри миллӣ дар маркази шаҳри Душанбе далели таваҷҷуҳи бевоситаи сарвари кишвар ба театр мебошад. Шароити хуби корӣ ба фаъолияти ҳунармандон албатта бетаъсир нест. Вале набояд фаромӯш кард: Театр — ин бино нест. Театр ҳунар аст. Мо бояд бештар ба ғояҳои нав, мазмуни баланд, бозии касбӣ ва таъсири театр ба ҷомеа фикр кунем.

— Шумо ҳамчун театршинос кадом театрҳои кишварро пешсаф  мешуморед?

— Дар посух гуфтан ба ин суол истиҳола мекунам. Солҳои охир дар саҳнаи Театри Лоҳутӣ, Театри ҷавонон, Театри опера ва балет, Театри Конибодом, Театри Хуҷанд ва дигар театрҳои кишвар асарҳои марғуб ба саҳна гузошта шуданд. Барои ман ҳар он театр, ки асари сазовор ба саҳна мегузорад, ҳамон пешсаф аст. Хушбахтона, феълан як идда ҷавонон даст ба кор шудаанд ва умед аст, ки театри тоҷикро ояндаи беҳтаре интизор аст. 

Мусоҳиб: Саломат НАЗАРЗОДА,

донишҷӯйи курси 3-юми факултаи журналистикаи ДМТ

Шом бо аҳли оила ба театр рафтан мехоҳед, вале намедонед дар кадом театр, соати чанд кадом намоиш ба саҳна гузошта мешавад? Пас, сомони Pressa.tj кори шуморо осон мекунад. Ҳамарӯза афишаи театрҳоро дар Pressa.tj бубинед ва мувофиқи табъ театру намоишро интихоб кунед.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.