Муҳоҷири 32-сола се кӯдакро аз сӯхтор наҷот дод
Муҳоҷири 32-сола дар вилояти Свердловски Русия бо ҷасорат се кӯдакро аз сӯхтор наҷот додааст.
Расонаҳои маҳаллии Русия мегӯянд, ки ин қаҳрамон Саид Шарипови 32-сола аст ва 16 сол мешавад, ки дар Русия ҳамчун ронандаи таксӣ фаъолият мекунад.
Сӯхтор шоми 14-уми май дар ошёнаи аввали бинои панҷошёна дар шаҳраки Березовский рух додааст.
Ба гуфтаи Саид, ӯ ҳангоми бозгашт аз дорухона садои гиря ва кӯмакталабии кӯдаконро мешунавад. Бидуни дудилагӣ аз тиреза вориди хона мешавад ва ҳарсе кӯдакро, ки дар он лаҳза танҳо будаанд, аз коми оташ берун мебарорад.
Барои ин амали ҷасуронаи Саид сокинони маҳаллӣ ӯро қаҳрамон ном бурдаанд. Аммо худи ӯ гуфтааст: «Ман танҳо вазифаи инсонии худро анҷом додам. Худам ҳам фарзанд дорам».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ