Муҳоҷирони Корея дар Русия
Кореяи Шимолӣ ба Русия 15 ҳазор муҳоҷири кориро фиристодааст. Дар ин бора 5-уми май бо такя ба идораи ҷосусии Кореяи Ҷанубӣ нашрияҳои The Wall Street Journal ва Reuters хабар доданд.
Маълумоти омории Русия мегӯяд, шумораи шаҳрвандони Кореяи Шимолӣ, ки соли гузашта ба хоки Русия ворид шудаанд, 12 баробар бештар назар ба соли 2023 будааст. Аксари онҳо дар Шарқи Дур кор мекунанд.
Бовар меравад, ки ба зудӣ онҳо дар шаҳрҳои калон ҳам ба кор ҷалб хоҳанд шуд. Кордиҳандагон дар Русия мегӯянд, ки коргарон аз Кореяи Шимолӣ барои кори 12-соатаи каммузд розӣ буда, барои шароити бади кор шикоят намекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ