Муҷассамаи Рӯдакӣ дар Самарқанд барафрохта шуд

Дар кӯчаи Рӯдакии шаҳри Самарқанд муҷассамаи асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик, қофиласолори шеъри форсӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барафрохта шуд.

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ — асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик соли 858 дар Панҷрӯди Панҷакент ба дунё омада, соли 941 вафот кардааст.

Пеш аз Рӯдакӣ шоирони зиёде буданд, вале сабаби маҳз “Соҳибқирони шеъри форсӣ” унвон шудани ӯ эҷодиёти саросарияш аст. Яъне эҷодиёти ӯро тамоми мардуми Мовароуннаҳру Хуросон фаҳмида метавонистанд ва имрӯз ҳам ҳар касе, ки шеъри ӯро хонад, ниёз ба истифодаи луғат надорад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.