Муҳаммадҷон Холов (Мадонна): Ман зиндаам, ба саҳна баргаштам!

Ғолиби озмуни Central Asia’s Got Talent Муҳаммадҷон Холов, ки миёни насли калонсол ҳамчун Мадонна шуҳрат дорад, баъди 17 соли дурӣ аз саҳна рӯзи 29-уми октябр бо барномаи нави консертӣ дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бо мухлисони худ рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Ҳунарманд баъди як садамаи нақлиётӣ аз пойи равон маҳрум гардид ва солҳо дар фаромӯшӣ зиндагӣ кард. Дар суҳбати хосае, ки Муҳаммадҷон Холов бо ютубканали Pressa.tj анҷом дод, гуфт, ки ба саҳна баргашт ва ният дорад солиёни дароз ба мухлисонаш хизмат намояд.

Умеди дубора

— То ба суҳбат ҳозир шудан ба чӣ кор машғул будед?

— Ба барномаи нави консертӣ омодагӣ мебинам. То ба ин ҷо омадан ба  чанд нафар дӯстони қадрдонам, ки ҳамеша маро дастгирӣ мекунанд, даъватномаҳои консертро тақсим намудам.

Аз консерт чӣ умед доред?

Аз ноумедиҳо басо умед аст,

Поёни шаби сиёҳ сафед аст.

Аслан, ба мухлисону ҳаводорони худ нишон додан мехоҳам, ки ман боз ба саҳна омадам. Ягона умеди ман ҳамин аст, ки пас аз консерт бо мухлисону бо мардум бимонам ва дубора шуҳрати рафтаро баргардонам.

Барои ташкили консерте, ки дар пеш аст, кӣ ба шумо кумак намуд?

— Аввалан, сипос ба Вазорати фарҳанги кишвар, хоса ба вазир Зулфия Давлатзода, ки барои баргузор намудани ин консерт мусоидат намуданд. Ҳамчунин, ба роҳбарият ва кормандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон миннатдорӣ баён мекунам, ки ба ман кумак мекунанд. Ба дӯстам Нигорахон изҳори ташаккур мекунам, ки барои баргузории ин консерт бисёр заҳмат кашиданд. Мо ҳама талош карда истодаем, ки барномаамон писанди мухлисон гардад.

— Консерт чӣ навгонӣ дорад?

— Дар Консерти «Таронаҳои олам» бо ҳафт забон суруд хоҳам хонд. Бо ин ман истеъдоди сарояндагии худро нишон додан мехоҳам, вале аз сабаби он, ки маро ҳамчун ҳаҷвнигор мешиносанд, консерт бе ҳаҷву шӯхӣ намегузарад.

Central Asia’s Got Talent

Чӣ гуна ба озмуни Central Asia’s Got Talent роҳ ёфтед? Озмун барои шумо чӣ дод?

— Як сол пеш вақте эълони озмуни Central Asia’s Got Talent-ро дидам, таваккалӣ ба озмун рафтам. Хушбахтона, дар даври нимниҳоӣ аъзои ҳакамон тугмаи тиллоиро пахш карданд ва ман якбора ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтам. Дар ин ҳолат эҳсосоте маро фаро гирифт, ки гӯё бори аввал ба саҳна баромада бошам ва 17 соле, ки дур аз саҳна будам, як-як пеши назар меомаданд. Ин маро водор кард, ки ашк бирезам. Ҳамин озмун буд, ки ман дубора ба саҳна омадам ва маро бисёриҳо диданд, чун мегуфтанд, ки «Мадонна фавтидагӣ», «Муҳаммадҷон Холов вафот кардагӣ». Ин гуна овозаҳо бисёр буд. Баъд аз озмун бисёриҳо занг зада пурсиданд, ки «Муҳаммадҷон, ту зиндаӣ?».

— Суруди «Одамон», ки дар ин озмун онро хеле муассир сароидед, чӣ гуна пайдо шуд?

— Ман пештар сурудҳои ҳаҷвӣ менавиштам. Вале дар ин суруд дардҳои ман нуҳуфта аст. Матни он дар лаҳзаҳои танҳоӣ ва ғамгинӣ навишта шудааст. Дард илҳом бахшиду ман ин сурудро навиштам. Дар саҳна бо тамоми вуҷуд сурудро сароидам ва ҳама мухлисон, аз Тоҷикистон сар карда то давлатҳои ҳамсояву Аврупо ҳама ашк рехтанд. То ҳол дар шабакаҳои иҷтимоӣ мухлисон таассуроти неки худро аз ин суруд менависанд ва ба ман изҳори миннатдорӣ баён мекунанд. Бовар мекунед, он чизе, ки дар хун аст, бо ҷон мебарояд. Ин ҳунаре, ки Худо додааст, шукрона мекунам. Баргаштани ман таслимнашавандагии ман аст, чун санъатро дӯст медорам.

Ғарибшо, тарроҳӣ ва орзуи театр-студия

— Шумо ҳангоми фаъолият дар театр-студияи “Ғарибшо компания” шуҳрат пайдо кардед. Он давраҳоро ба ёд меоред?

— Лаҳзаҳои фаромӯшнаванда ҳастанд солҳои ҳамкорӣ бо театр-студияи “Ғарибшо компания”. Ҳама якҷо сарҷамъ будем. Як гуруҳ, ҳамсабақ, ҳамкор, дӯст фаъолият мекардем. Бисёр гуруҳи олӣ будем. Бахтиёр Раҳимов, Ташриф Халилов, Ҷаббор Азимов, Шодмон Зумрадшоева, Саидаҳмад Холов, Гулбибӣ Абдулхайрова, Ҷамшеди Ҳалим. Як дастаи олиҷаноб буд. Аз даврони донишҷӯӣ як даста ҷамъ шудем ва ҳамин театр-студияро таъсис додем.

— Шумо ба тарроҳӣ ҳам машғул ҳастед. Тарроҳӣ манбаи даромад аст ё аз рӯйи завқ ба ин кор машғулед?

— Тарроҳӣ барои ман ҳеҷ гоҳ манбаи даромад набуд. Дар солҳои аввали дурӣ аз саҳна кор мекофтаму намеёфтам, аниқтараш ба кор намегирифтанд. Барои ҳамин ба тарроҳӣ машғул шудам ва оҳиста-оҳиста ин ба як шуғл табдил ёфт. Либосҳои консертиамро худам медӯзам.

— Дар як суҳбат гуфта будед, ки дар фикри ташкили як минӣ-театр ё минӣ-студия барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ҳастед. Ин орзу то куҷо амалӣ шуд?

— Ин орзуи ҳамешагии ман аст. Якҷо бо чандин бародарони хайрхоҳ ройгон консерт ташкил намудем дар чандин шаҳру ноҳия. Медидам кӯдаконеро, ки имконияташон маҳдуд, вале истеъдоди хуб доранд. Лаёқат доранд, санъатдӯстдоранд. Баъд ҳамин фикр ба сарам омад, ки чунин як гуруҳи эстрадӣ, ки ҳам суруд, ҳам рақс ва ҳам ҳаҷв дошта бошад, ташкил кунам. Вале то ҳол чунин имконият надоштам. Умед аст, ки рӯзе орзуям ҷомаи амал пӯшад.

Лаҳзаҳои хотирмон

— Даврони кӯдакии шумо чӣ гуна сипарӣ шудааст? Чӣ хотирот доред?

— Кӯдакии ман дар оғӯши волидайн хеле хотирмон сипарӣ шудааст. Як маротиба аз ҷайби модарам як рубл гирифтаму ба берун баромадам ва дӯстонамро ҷамъ кардаму ба мағоза рафтем ва аз ҳисоби ман харид кардем. Вақте ба хона омадам, модарам се бародари дигарамро рост гузоштааст. Маро ишора кард, ки ба назди онҳо гузарам. Ман ҳам гӯё ҳеҷ чизро намедонам, ба назди онҳо рафта истодам. Модарам пурсид, ки “медонед барои чӣ шуморо рост гузоштам?”. Ман дарҳол ҷавоб додам, ки “не, очаҷон, ман аз кисаи шумо як рубл нагирифтам”…

— Лаҳзаҳои хотирмони даврони донишҷӯӣ…

— Дар як чорабинӣ як суруди ҳиндиро бояд тақлид мекардам. Саҳна оро дода шуда, дар гӯшае рӯйи миз графини об меистод. Мувофиқи сенария бояд ман рақскунон назди миз рафта, як истакон об менӯшидам ва баъд сурудро оғоз мекардам. Вале вақте обро ба сар кашидам, дарунам оташ гирифту аз чашмонам об мешорид. Як ҳамкурсам обро бо спирт иваз карда буд. Суруди ҳаҷвиро бо ашки шашқатор хондам. Ҳама аз ханда рӯдакан шуданд.

Пушаймонӣ

— Зиндагӣ чист?

— Зиндагӣ муҳориба аст. Ҳеҷ кас суғуртаи зиндагӣ надорад ва набояд таслим шуд. Дар ҳаёти ман лаҳзаҳои мушкиле буд, вале ҳамеша мегуфтам, ки “Зиндагӣ давом дорад!”. Набояд ба пастиҳои зиндагӣ тан дод.

— Ба насли ҷавони имрӯза чӣ гуфтанӣ доред?

— Ман ҳуқуқи насиҳат кардан надорам. Танҳо ба ҷавонон гуфтаниам, ки ҳурмати падару модар, бузургсолонро ба ҷо оранд. Иттифоқ бошанд, ҳамеша хурсанд зиндагӣ намоянд.

— Аз кадом амали худ дар зиндагӣ пушаймон ҳастед?

— Аз шаробнӯшӣ. Нӯшидани шароб доғест, ки муҳри онро шуста намешавад. Агар сад маротиба ташхис гузаронед, ки шаробнӯширо бас кардам, ҳеҷ кас дигар бовар намекунад.

— Дар охир чӣ гуфтан мехоҳед?

— Ташаккур ба шумо барои даъват. Ташаккур ба мардуми Тоҷикистон. Бигзор мардуми тоҷик ҳамеша шоду хурсанд ва хонаашон обод бошад. Ҳамаи шуморо ба консерт даъват мекунам ва интизори шумоям.

Мусоҳиб: Идибеки САИД

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *