Муҳоҷир Мавлоноро рӯйи саҳна овард

Мурод Худобахшов — ҳунарманди ҷавони тоҷик, ки 5 моҳ қабл ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Русия рафта буд, дар баробари кор дар сохтмон, дар саҳнаи яке аз театрҳои Русия дар бораи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ спектакл таҳия кардааст.

Ҳафтаи гузашта нахустнамоиши спектакли “Дарахти ишқ” дар Москва баргузор шуд. Мурод Худобахшов ин спектаклро бо дӯстдорони театр ба саҳна гузоштааст. Онҳо ҳар рӯз пас аз анҷоми кор дар сохтмон саҳнаҳои намоишро тамрин мекардаанд.

Нақши Мавлоноро худи Мурод Худобахшов иҷро мекунад. 

Б. ҲАИТОВ, шаҳри Москва

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *