Муҳоҷиршикор. Айб дар ош аст ё дар мош?

Давоми се ҳафтаи охир сарусадоҳо нисбати фишор ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия якбора афзуд. То кадом андоза латукӯби донишҷӯёни тоҷик дар Комсомолскии лаби Амур аз ҷониби неруҳои ОМОН ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ асос доранд?

Ҳамла дар вақти хоб

Афсарони ОМОН дар минтақаи Хабаровск субҳи барвақти рӯзи 19-уми май, қабл аз оғози дарс, ба хобгоҳ даромада, беш аз 100 донишҷӯи тоҷики донишгоҳи Комсомолскии лаби Амурро мавриди латукӯб ва муносибати дағал қарор доданд. Ин хабарро як нафар муҳоҷир ба воситаи телефон ба мо хабар дод. Баъдан он дар нашрияҳои хориҷӣ интишор шуд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Меҳроҷиддин Сафаров ном донишҷӯ мегӯяд, ки низомиён телефону ҳуҷҷатҳои донишҷӯёнро мусодира кардаанд. Шаш донишҷӯ аз Тоҷикистон мавриди бозпурсӣ қарор гирифта, дере нагузашта раҳо шудаанд.  

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, маъмурияти донишгоҳ рӯзи 23-юми май дар мулоқот бо донишҷӯён гуфтаанд, ки амалиёти низомиён дар хобгоҳ эҳтимол ба боздошти як муҳассили тоҷик бо иттиҳоми маблағгузории терроризм рабт дорад. Вале ин хабар расман тасдиқи худро наёфт.

Сафорати Тоҷикистон бо нашри як иттилоия хабар дод, ки дар ҳамлаи неруҳои вижа ё ОМОН-и Русия ба донишҷӯёни тоҷик дар хобгоҳи Донишгоҳи Комсомолскии лаби Амур даҳ кас маҷруҳ шудаанд. Донишҷӯён теъдоди осебдидаҳоро бештар мегӯянд. Аз хабарҳои нашршуда бармеояд, ки донишҷӯёни осебдида ҳатто ба ҷарроҳӣ ниёз доранд.

Дар пайи ин ҳодиса, рӯзи 24-уми май Семён Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват карда шуд. “Таъкид карда шуд, ки чунин ҳодисаҳо ба руҳи муносибатҳои шарокати стратегӣ ва иттифоқии Тоҷикистону Россия муносиб набуда, метавонанд ба талошҳои ҷонибҳо баҳри рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф зиён расонанд”,- омадааст дар иттилоияи ВКХ.

Ҳамчунин вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода аз ҳамтои русаш Владимир Колоколтсев ва Умед Бобозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё Омбудсмени Тоҷикистон аз ҳамтои русаш Татяна Москалкова хостанд, ки ба қазияи латукӯби донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи техникии шаҳри Комсомолски лаби Амур аз сӯи неруҳои вижаи минтақаи Хабаровск дахолат карда, ба тафтиши холисонаи ҳодиса мусоидат намоянд.

Муҳоҷирон

Фишор болои тоҷикон дар Русия фақат бо боздошту латукӯби донишҷӯён ба охир нарасид. Зимни чанд рейд дар музофоти Хабаровск наздики 400 муҳоҷири тоҷик низ боздошту бозпурсӣ шудаанд.

Рӯзи 27-уми май дар кӯчаи Беловежский, дар наздикии шоҳроҳи Можайский дар ғарби Москва даҳҳо муҳоҷири тоҷик боздошт шуданд. Бино ба хабарҳо боздошти муҳоҷирон бар асоси муроҷиати сокинони маҳаллӣ сурат гирифтааст.

Гӯё онҳо шикоят кардаанд, ки муҳоҷирони тоҷик наврасонро аз варзишгоҳи мактаб дар кӯчаи Беловежский ронда, худ сабқати футбол ташкил кардаанд. Айни чунин ҳодиса дар шаҳраки Котелникии вилояти Маскав сар зада буд. Дар онҷо сокинон шикоят карданд, ки муҳоҷирон варзишгоҳи кӯдакони маҳалларо аз худ карда, оромии мардуми атрофро халалдор намудаанд.

Дар пайи муроҷиати видеоии сокинони ин шаҳрак алайҳи муҳоҷирон амалиёти густурда ташкил шуда, садҳо нафар боздошт шуданд. Як масҷиди муҳоҷиронро дар Котелники бастанд.

Расонаҳои Русия навиштанд, ки онҳо гӯё кӯдакони маҳаллиро аз варзишгоҳ берун ронда, худашон онҷо футбол бозӣ кардаанд. Хабаргузории “Интерфакс” аз қавли пулиси Русия навишт, ки ба зидди 49 муҳоҷир санад тартиб додаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 30-юми май гуфт, ки «ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28-уми майи соли ҷорӣ дар як варзишгоҳ дар ноҳияи Можайскии пойтахти Русия аз ҷониби мақомоти дахлдори кишвари иқомат боздошт шуда буданд, озод гардиданд”.

Зиёда аз 150 муҳоҷири тоҷикро субҳи 30-юми май дар маҳаллаи наздик ба метрои Митинои Маскав, пойтахти Русия дастгир кардаанд.

Муҳоҷирон гуфтанд, ки онҳо дар сохтмоне дар наздикии метрои Митинои Маскав кор мекарданд ва ҷойи хобашон низ онҷост.

Мақомоти Русия ҳодисаро шарҳ надоданд. Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 30-юми май гуфтанд, ки аз ҳодиса хабар доранд ва онро пайгирӣ мекунанд.

Ҷалби муҳоҷирон ба ҷанги Украина

Бештари коршиносон бар онанд, ки чунин муносибати мақомоти Русия ба муҳоҷирон ба ҷалби онҳо ба амалиёти вижаи низомӣ дар Украина рабт дорад.

“Рӯзҳои наздик дар Русия даври дуюми сафарбаркунии ҳарбӣ оғоз мешавад ва ба он зодагони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамчунин шаҳрвандӣ, ҳақи иқомати муваққат (РВП) ва ҳақи иқомат (ВНЖ)-и Русияро доранд, бештар ҷалб мешаванд. Ин фишор ба он маъно аст, ки давлати Тоҷикистон нисбати амалҳои минбаъдаи Русия ҷиҳати ҷалби тоҷикон ба ҷанг дар Украина даъво пеш наорад”,- мегӯяд Шуҳрат Қудратов, вакили дифои тоҷик, ки дар Русия иқомат мекунад ва ба ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон машғул аст.

Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия низ бовар дорад, ки “шикор”-и тоҷикон дар Русия навъе фишор ба Тоҷикистон аст, то садди иштироки шаҳрвандонаш дар ҷанги Украина аз ҷониби Русия нашавад.

“Латукӯбу боздоштҳо замоне оғоз шуданд, ки Тоҷикистон гуфт, “бақайдгирии тоҷикони дар ҷанги Русия зидди Украина ширкатдоштаро оғоз мекунад ва онҳоро ҷазо медиҳад”. Ин ба манфиати Русия нест, зеро ду кишвар шартнома оид ба душаҳрвандӣ доранд ва бештари нафарони дорои душаҳрвандӣ дар Тоҷикистон иқомат доранд. Тоҷикистон аз иштироки шаҳрвандонаш дар ҷанг дар ташвиш аст ва ин ба Русия хуш намеояд”,- гуфт Каримҷон Ёров.

Коршиноси масоили сиёсӣ Абдумалик Қодиров ҳам ба ин ақида аст:

«Барои ҳукумати Русия шахсоне даркоранд, ки барои онҳоро қурбонӣ кардан дилаш насӯзад”.

То кадом андоза ҳадси ин коршиносон асос дорад, гуфтушунидҳои минбаъдаи гурӯҳҳои корӣ, ки ба тадқиқи ин масъала машғул ҳастанд, собит хоҳанд сохт. Вале як нукта — талаби ғоз додан аз кирмаке, ки себ мехӯрад, мусаллам аст. Вақто ки тоҷикон талаби шаҳрвандии Русия мекунанд, бояд донанд, ки зери шаҳодатномаи ин кишвар масъулияти шаҳрвандӣ низ ҷой дорад. Аммо даъват ба аскарӣ набояд тарзе сурат гирад, ки муносибатҳои бисёр хуб ва стратегии ду кишвари ба ҳам дӯст — Тоҷикистон ва Русияро халалдор кунад.

Наздикӣ бо Чин

Алишер Илҳомов, таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ сабаби чунин муносибати Маскавро ба наздик шудани Тоҷикистон ба Чин рабт дод. «Баргузории нишасте, ки чанд рӯз пеш дар Чин ва бе ҳузури Русия гузашт, яке аз сабабҳои чунин муносибат аст. Ин як огоҳӣ ба Русия, ҳамчун лидери расмӣ ё ғайрирасмӣ ба кишварҳои пасошӯравӣ буд. Ҳоло кишварҳои минтақа бо Чин равобити хешро бештар тақвият медиҳанд. Аз ин лиҳоз, Русия бо фишор болои тоҷикон дар кишвари хеш, мехоҳад ба давлатҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон ҳушдор диҳад, ки наздикӣ бо Чин паёмад дорад”,- мегӯяд коршинос.

Ғайр аз ҷанги Украина омилҳои дигари фишор болои муҳоҷиронро ном мебаранд. Сафарбек Кабиров ном корбари шабакаи иҷтимоӣ бар он аст, ки фишор аз санаи 12-уми май, аз замоне оғоз шуд, ки ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Майдони Сурх 4 пуфакро бо рамзи парчами Украина ба ҳаво сар доданд. Ин шаҳрвандони Тоҷикистон Алишер Қодирови 30-сола ва Баҳром Усмонови 27-сола буданд, ки боздошт шудаанд.

Ин амал албатта шоистаи пазироӣ нест. Шояд аз паси ин ду нафар ҳам неруҳое қарор доранд, ки мехоҳанд ҳусни таваҷҷуҳи ин ду кишвар ба ҳам коста гардад? Вале мо умед дорем ҳукми хирад боло мегирад ва дар амалкарди худ ҳам шаҳрвандони тоҷик, ки дар Русия иқомат доранд ва ҳам мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия аз рӯи хирад ва волоияти қонун кор мегиранд.

О. СОҲИБЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *