Бунёди метро дар Душанбе. Аз имзои созишнома то шарҳи мансабдор

Аз Дарвозаи ҷанубӣ, яъне самти минтақаи Бохтар то Сирки давлатӣ бунёди метрои рӯизаминӣ ба масофаи беш аз 10 км ба нақша гирифта шудааст.

Раҳим Бобозода, муовини якуми вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳадаф аз бунёди метро баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, паст кардани шиддати ҳаракат дар роҳҳои пойтахт ва аз ин ҳисоб коҳиш додани сатҳи партовҳои газӣ ба муҳити зист аст.

Дар мавриди сохтмони метро дархости молиявӣ ба Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Корея ирсол гардида, 14-уми марти соли 2022 “Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ барои асосноккунии техникӣ — иқтисодӣ ва омода кардани мутахассисони маҳаллӣ барои анҷоми корҳои сохтмонӣ ва истифодаи технологияҳои муосири Ҷумҳурии Корея дар самти нақлиёти метро” ба имзо расидааст.

“Шарту талабот, арзиши лоиҳаи мазкур ва шароити масири эҳтимолии сохтмони роҳи оҳани шаҳри Душанберо, ки тибқи нақшаи генералӣ аз дарвозаи Ҷанубӣ то Сирки давлатӣ ба масофаи 10,5 километр тӯл мекашад, ба назар гирифта, истифодаи нақлиёти роҳи оҳани шаҳрии LRT (системаи метрои сабук) мувофиқи мақсад шуморида шуд”,- таъкид медорад Раҳим Бобозода.

Дар ҳамин ҳол, сохтмони метро дар Душанбе зимни мулоқоти Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо як ҳайати намояндагони баландпояи Корея низ баррасӣ шуда буд. Барои сохтмони метро бо ширкати Роҳи оҳани миллии Кореяи Ҷанубӣ ёддошти тафоҳум ба имзо расидааст.

Ҳамчунин, соли 2022 Ҷамшед Табарзода, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки айни ҳол ин масъала мавриди омӯзиш қарор дорад. «Агар барои мисол сохтмони роҳро ба назар гирем, чӣ қадар биноҳо, иншоотро бартараф кардан лозим аст, ки як роҳи иловагӣ барои «нагрузка»-ро аз як қисмати шаҳр гирифтан сохта шавад»,- гуфта буд ӯ.

Ҳарчанд дар бораи муҳлати оғозу анҷоми сохтмон ва харҷи метрои рӯизаминӣ дар Душанбе маълумоти дақиқ нест, вале ишораҳост, ки то охири соли 2040 сохтмони он анҷом меёбад. Бо бунёди метро тамбашавии мошинҳо дар пойтахт ба маротиб коҳиш ёфта, равуои мусофирон роҳаттар ва симои пойтахт дигар мешавад. Дар сурати пайдо шудани метрои рӯизаминӣ дар Душанбе, ин сеюмин шаҳр дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд. Ҳоло дар шаҳрҳои Тошканду Алмаато метро мавҷуд аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *