Фестивали фарҳанги Корея дар Душанбе

Имрӯз, 3-юми июн дар шаҳри Душанбе «К-поп Фестивал» ва “Фестивали фарҳанги Корея” баргузор мешавад.

Бино ба иттилои Сафорати Корея дар Тоҷикистон, чорабиниҳо аз соати 11:00 то 20:30 дар Амфитеатр доир гардида, воридшавӣ ба онҳо ройгон аст. Тибқи барнома аз соати 11:00 то 20:30 ярмарка-намоишгоҳи маҳсулот ва хӯроки Корея ва аз соати 18:00 то 21:00 оид ба К-pop-вокал ва рақсҳо мусобиқаҳо доир хоҳанд шуд.

Дар фестивал иштирокдорон имкон доранд, ки бо фарҳанги Корея, аз ҷумла сарулибос, бозиҳо, эҷодиёт, намоиши мол, навиштани хати кореягӣ шинос шаванд. Ҳамчунин, чашидани мазза ва фурӯши таомҳои кореягӣ, аз қабили рамен, кимбаб, кимчи, далгона, ток доир мегардад. Дар доираи фестивал ҳунарнамоии сарояндагони ҷавони тоҷик Чоршанбе Аловатов, Даниел Рустамов, Фаррух Ҳасанов, Абдувалӣ Соҳибов, инчунин вокалистка аз Нигерия пешбинӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *