Муҳоҷирони тоҷик аз Русия ихроҷ мешаванд

Аз аввали соли 2019 танҳо аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия беш аз 80 муҳоҷири тоҷик ихроҷ ё депортатсия шудаанд.

Аз аввали соли 2019 танҳо аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия беш аз 80 муҳоҷири тоҷик ихроҷ ё депортатсия шудаанд.

Бино ба маълумоти Раёсати Хадамоти федоролии Русия дар шаҳри Санкт-Петербург, аз ҷумлаи 426 муҳоҷире, ки аз ин шаҳр ихроҷ шудаанд, 57 дарсадро шаҳрвандони Ӯзбекистон ташкил медиҳанд.

Ин манбаъ иттилоъ додааст, ки дар соли гузашта ба Санкт-Петербург 366 ҳазор муҳоҷир ворид шудааст, ки 252 ҳазор нафари онҳо шаҳрвандони ҷамоҳири собиқ шӯравианд.

Аз ин ҷумла, 74 ҳазор нафар муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон будаанд.

Ҳамасола Русия ҳазорҳо муҳоҷири тоҷикро ба далели риоя накардани меъёрҳои кору истиқомат аз қаламраваш меронад ва аксари онҳо ҳақ надоранд, барои 5 сол ва ё камтар аз он ба он кишвар бозгарданд.

Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 4 апрели соли ҷорӣ ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи Кумитаи ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ дар Созмони Милал гуфт, “То имрӯз теъдоди онҳое, ки аз ҳаққи сафар ба Русия маҳруманд 201 ҳазору 147 нафарро ташкил медиҳанд. “

Дар Русия беш аз 1 миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон кору иқомат мекунанд. Онҳо аз боздоштҳои бесабаб, бадрафтории мақомоти интизомии Русия, ихроҷи пайваста шикоят доранд.

Бино ба маълумоти Ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон,  дар соли 2018 ба Тоҷикистон 966 ҷасад овардаанд, ки дар муқоиса ба соли 2017 зиёдтар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *