Муаммоҳои иҷтимоӣ-демографии давлатҳои ИДМ дар марҳилаи COVID-19

Бино ба иттилои Нуъмон Раҷабзода, котиби матбуотии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, дар донишкада мизи мудаввари байналмилалии илмӣ баргузор гардид.

Ба гуфти Нуъмонзода, мизи мудаввари байналмилалии илмӣ дар мавзўи “Муаммоҳои иҷтимоӣ-демографии давлатҳои ИДМ дар марҳилаи COVID-19” бо иштироки меҳмонони ватаниву хориҷӣ баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласаи мизи мудаввар директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт.

Меҳмонони олиқадр аз Федератсияи Россия, аз ҷумла, д.и.и., профессор, узви пайвастаи АИР, директори Институти тадқиқотҳои демографии Марказиилмӣ-тадқиқотии иҷтимоии федералии Академияи илмҳои Россия, мудири кафедраи сиёсати демографӣ ва муҳоҷиратии ДДРБМВКХ Россия Рязансев Сергей Василевич дар мавзўи “Рушди демографии давлатҳои ИДМ: 30 соли пошхўрии ИҶШС” баромад намуд.

Сипас, маърўзаи н.и.и., муовини директор оид ба лоиҳакашии инноватсионии Институти тадқиқотҳои демографии Маркази илмӣ-тадқиқотии иҷтимоии федералии Академияи илмҳои Россия, дотсенти кафедраи сиёсати демографӣ ва муҳоҷиратии ДДРБМВКХ Россия Лукянес Артём Сергеевич дар мавзўи «Муҳоҷирати иқлимӣ ҳамчуни тренди муосир» шунида шуд.

Аз олимони ватанӣ д.и.и., профессор, корманди пешбари маркази  илмӣ-тадқиқотии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ Азимов Абдумавлон Ҷалилович дар мавзўи «Муҳоҷирати таълимӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» маърўза намуда, оид ба мушкилоти муҳоҷирати таълимӣ ибрози андеша кард.

Дипломи “Профессори фахрӣ”

Дар фазои тантанаавӣ аз тарафи директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ба директори Институти тадқиқотҳои демографии Маркази илмӣ-тадқиқотии иҷтимоии федералии Академияи илмҳои Россия Рязансев Сергей Василевич дипломи “Профессори фахрӣ”-и донишкада супорида шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ байни Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд ва Институти тадқиқотҳои демографии Маркази илмӣ-тадқиқотии иҷтимоии федералии Академияи илмҳои Россия созишномаи ҳамкории тарафайн дар бобати иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, гузаронидани онлайн-лексияҳо ва тайёр кардани мутахассисони илмӣ ба имзо расид.

Ходими калони илмии Институти тадқиқотҳои демографии Маркази илмӣ-тадқиқотии иҷтимоии федералии Академияи илмҳои Россия Акрамов Шариф Юлдошевич барои гузаронидани чунин як мизи мудаввар дар сатҳи олӣ ба аҳли Раёсати донишкада изҳори сипос намуд.

Мизи мудаввари байналмилалии илмӣ дар мавзўи “Муаммоҳои иҷтимоӣ-демографии давлатҳои ИДМ дар марҳилаи COVID-19” бо иштироки меҳмонони ватаниву хориҷӣ дар фазои гарми дўстона бо муҳокимаҳои илмӣ ва баррасии як қатор пешниҳодҳои судманд ба анҷом расид.

Фарзона МУРОДӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *