Муаммои нафақагирӣ: “Ноҳияи Фирдавсӣ пулро нагузаронидааст!”

Санаи 15-уми ҳар моҳ рӯзи гирифтани нафақаи сокинони пойтахт аст. Аксари нафақагиронро ашхоси синашон аз 65,70 ва 80-сола боло ташкил медиҳанд. Бештари онҳо ба нуқтаҳои хизматрасонии «Амонатбонк» пагоҳии барвақт ҳозир шуда, навбат мегиранд. Ба умеде ки аз пули ночизи нафақаи хеш аз бозору мағозаҳо маводи ғизоӣ бихаранд.

Аммо ба онҳо мисли ҳамеша масъулини ин нуқтаҳо чунин ҷавоб медиҳанд:

-Нафақа нимаи дуюми рӯз мешавад! Ҳоло пул нагузарондаанд.

Нафақигироне, ки рӯзгорашон танҳо ба ҳамин маблағи нафақа вобастагии пурра дорад, аз ин хабари гӯшхарош навмед нашуда, дар дами дар интизорӣ мекашанд. Сабаб аксари онҳо маҷоли роҳ рафтану боз омаданро надоранд.

Вале чӣ илоҷ, сабру таҳаммул бояд кард.

Инак, соат 11,12,13 ва ниҳоят 14 мешавад, вале вазъият ҳамоно боқӣ мемонад ва аз расидани нафақа дараке нест. Аз ин рӯ, дар байнашон садоҳои норизоӣ ва яъсу таассуф шунида мешавад:

-То кай ин бемасъулиятӣ давом мекарда бошад?

-Моҳи гузашта ҳам ҳамин хел буд, аҳвол! Ба доди мо кӣ мерасида бошад? Ҳеҷ кас!-садо мебарояд аз байнашон.

Ниҳоят аз ду банкомати инҷобуда яке ба кор медарояд ва назди он навбати дурудароз ба вуҷуд меояд, зеро банкомати дувум пул надошт.

Нохост боз садои корманди хазинавӣ баланд мешавад:

Онҳое, ки аз ноҳияи Фирдавсиянд, наистанд! Пул нагузаштааст.

Бо шунидани ин хабар боз асаби бисёриҳо хароб мешавад.

-Чаро? Барои чӣ? Кай пул мегузаронанд?

Вале касе сабабашро намедонад, –  на масъулини «Амонатбонк»-у на хазинадор.

Ҳамин тавр, соат аз сеи баъди зуҳр мегузарад, боз ҳам ноҳияи Фирдавсӣ бепул боқӣ мемонад.

-Аз баҳраш гузаштам, – гӯён мӯйсафеди ришдарозе бо сари хаму қадамҳои солор сӯи хонааш роҳ пеш мегирад…

Чунин вазъияти ногувор аксар моҳҳо рух медиҳанд. Ниҳоят нафақаи сокинони ноҳия Фирдавсии пойтахт аз 15-ум ба 16-уми рӯзи кӯтоҳи шанбе гузаронда шуд. Дар рӯзи шанбе, ки сотаҳои кории нуқтаҳои пулдиҳӣ кӯтоҳ аст, на ҳамаи нафақагирони ноҳияи Фирдавсӣ дастрасӣ ёфтанд ва боқимондаҳо ба рӯзи душанбе ҳафтаи баъд вогузор шуд…

Ин вазъият то кай давом мекунад, номаълум.

Э. Камолзода,

нафақагири махсуси ҷумҳуриявӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *