Муаррифии имконоти сармоягузории Тоҷикистон дар Ню-Йорк. 7 бардошти як рӯзноманигор

13 ноябр дар пойтахти молиявии ҷаҳон – абаршаҳри Ню-Йорк маросими муаррифии имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон баргузор гардид.

Инак 7 нукта/бардошти қобили таваҷҷуҳ аз нишасти мазкур:

1. Сатҳи ташкил ва баргузории он хеле шоистаи таҳсин буд. Хосатан интихоби макон (Long Island), ки ҳаракати нақлиёт тартиботи муайне дошт ва аз дигар минтақаҳои Ню-Йорк дида нисбатан камташвиштар буд…

2. Чун дар шаҳри Ню-Йорк мушкили №1 – ин паркинг аст, масъулони чорабинӣ дар ин бобат беҳтарин хадамотро пешниҳод карданд: бо омадани меҳмонон, калиди мошинашонро аз дасташон гирифта, меҳмононро ба толор гусел менамоянд ва худ дар тавақуфгоҳи зеризаминии меҳмонхона мошинро ҷо ба ҷо мекунанд, ки ин ҳолат барои мо меҳмонон воқеан роҳатбахш буд…

3. Ҳузури васеи сармоягузорони эҳтимолии амрикоӣ низ яке аз нуктаҳои қобили таваҷҷуҳ буд… Хосатан дар ҳоле, ки онҳо дар рафти нишаст иштироки фаъол дошта, бо суолоти худ ба муаррифии лоиҳаҳо таваҷҷуҳи хоса менамуданд…

4. Масъулини расмии Ватани мо ба таври (ба назари банда) бесобиқа суҳбати зинда ва ба истилоҳ ғайрипротоколӣ доир намуданд…. Суханрониҳои ғайриқолабӣ, хеле нишонрасу муассир ва ба табъи сармоягузорони эҳтимолӣ мувофиқ…

5. Банда, ки таҷрибаи аслиям дар гузашта ба табъу нашр рабт дорад, сатҳу сифати маҷаллаи таҳиянамудаи дастандаркоронро (ки дар он имкониятҳои сармоягузории Ватанамон ба таври хеле васеъ гирдоварӣ шудаанд) хеле шоиста дарёфтам.

6. Нуктаи аз ҳама муҳим: сатҳу сифати муаррифии силсилалоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон низ шоистаи таваҷҷуҳи меҳмонон буд, яъне омодагии ҷиддии масъулин дар рафти таҳияи лоиҳаҳо дида мешуд…

7. “Мо дар шароити кунунӣ роҳи нави абрешимеро эҷод мекунем, ки на аз корвонҳо ва молҳо,

балки аз ғояҳо, инноватсияҳо ва сармоягузорӣ иборат бошад!”, – Ҷонибек Ҳикмат, намояндаи доимии Ҳукумати ҶТ дар назди СММ.

Ин ташаббус бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои КВД “Тоҷинвест” (Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ), Намояндагии доимии Ҳукумати ҶТ дар назди СММ ва Шӯрои ҳамкории тиҷоратии ИМА-Тоҷикистон баргузор шуд.

P.S.: Сипос аз дӯсту бародар Дилшод Ҷӯразода, ки моро ба ин маросим шахсан даъват намуданд.

Далер Ғуфронов, журналист

Матн аз саҳифаи Фейсбуки муаллиф

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *