Муборакшо Муборакшоев: Дили модарам ҳатто ба рақибам месӯзад!
Размикори тоҷик Муборакшо Муборакшоев аввалин рақобати худро дар мусобиқаи байналмилалии ACA (Absolute Championship Akhmat) бо пирӯзӣ оғоз кард. Муборакшо сатҳи омодагии ҷисмонӣ ва хунсардии худро дар муҳориба ба хубӣ намоиш дод. Ӯ дар набард ба рақибаш – варзишгари таҷрибадор аз Русия Азамат Ҷигкаев, ки 9 ғалаба ва 6 шикаст дошт, пирӯз омад. Муборакшо ҳанӯз дар даври аввал тавассути усули «бӯғӣ» пирӯзии пеш аз муҳлат ба даст овард. Ин пирӯзӣ барои Муборакшо ҳаштумин (8-0) дар карйераи варзишияш ба шумор меравад ва ӯ ҳамоно бидуни шикаст боқӣ мемонад.
Муборакшо Муборакшоев ҳангоми суханронӣ дар бораи миллати тоҷик ҳарфҳои таъсирбахш гуфт, ки имрӯзҳо дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад: “Ман дар ин ҷо бо итминон мегӯям, ки миллати тоҷик яке аз тамаддунсозтарин, китобдӯсттарин ва таърихан исботшудатарин миллатҳост. Ин миллат хуб медонад, ки пеш аз ҳама бояд худашро эҳтиром кунад, сипас дигаронро. Хусусан вақте ки мо дар меҳмонӣ ҳастем. Иншоаллоҳ, мо дар ин ҷо намунаи як тоҷики воқеан тарбияёфта ва боодобро нишон медиҳем…”.
Бисёре аз мухлисон менависанд, ки бо вуҷуди ин қадар муваффақият доштан ва бидуни шикаст боқӣ мондан Муборакшо хоксориву инсондӯстӣ ва меҳанпарастиро дар мадди аввал мегузорад. Аз ин ҷост, ки ӯ баъд аз баромадаш нахуст ба модараш занг зада, аз пирӯзии навбатӣ огоҳ намуд ва хеле гарму самимӣ суҳбат кард.
Муборакшо дар мусоҳибааш изҳор дошт, ки бо вуҷуди маъруфият дар ринг, модараш ҳеҷ гоҳ пурра набардҳои ӯро дар пахши зинда тамошо накардааст. Танҳо баъди пирӯзиҳо, баъзе лаҳзаҳоро ба ӯ нишон медиҳанд.
“Дили модарам ҳатто ба рақибонам ҳам месӯзад”,- мегӯяд Муборакшо.

Чаро Муборакшо размикориро аз касби иқтисодчӣ болотар донист?
Муборакшо Мабатхонович Муборакшоев, варзишгари муҳорибаҳои омехта (ММА), 11-уми ноябри соли 1989 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омадааст. Ӯ дар вазни ниммиёна ҳунарнамоӣ мекунад ва намояндаи дастаи муҳорибавии Evolution Team Bayonov мебошад.
Муборакшо соли 2009, зери раҳбарии Залон Наҷмиддинов – устоди варзиши ИҶШС дар риштаи бокс ба машқи ҷиддии варзиш шуруъ кард. Ӯ қаҳрамони Тоҷикистон дар ММА ва муҳорибаи дастӣ мебошад. Муборакшо на танҳо дар муҳорибаҳои омехта, балки дар бокси касбӣ низ дастовард дорад. Аз ин ҷост, ки моҳи июни соли 2022 дар Маскав дар доираи мусобиқаи Pravda FC бо нокаути техникӣ бар Николай Нестерови рус пирӯз шуд. Аммо моҳи октябри ҳамон сол дар мусобиқаи Pravda Boxing аз Тимур Никулин бо қарори якдилонаи доварон мағлуб гардид.
Бо вуҷуди ҳама пастиву баландӣ, Муборакшо Муборакшоев як намунаи устувори ҳунар ва иродаи қавӣ барои ҷавонони тоҷик боқӣ мемонад, зеро ӯ шахсест, ки бо меҳнату садоқат роҳашро дар арсаи ҷаҳонии варзиш боз мекунад.

Муборакшо асосан соҳаи иқтисодро хатм кардааст, вале муҳаббат ба варзиши муҳорибаӣ ҳанӯз замони таҳсил дар донишгоҳ дили ӯро тасхир карда буд. Дар ин бора дар мусоҳиба бо хабаргузории Sport.tj гуфтааст.
Аввалин муҳорибаи ММА-и ӯ дар моҳи марти соли 2015 сурат гирифтааст, ки дар он Муборакшо дар набард бо Айдарбек Ашимов дар мусобиқаи World Ertaymash Federation 2 дар даври аввал тавассути сабмишн (ҳиллаи маҷбуркунии таслим) ғолиб омадааст. Ӯ ҳаргиз гумон ҳам намекард, ки рӯзе дар арсаи ҷаҳонӣ аз номи Тоҷикистон баромад мекунад.
Пештар Муборакшо дар сохтмонҳо кор мекардааст ва гоҳе посбонӣ ҳам кардааст ва дар баробари ин ба варзиш машғул мешудааст, ки имрӯз самари он бозиҳои бидуни шикаст мебошад.
Саволе ба миён меояд, ки миёни ин ҳама роҳи душвор Муборакшо боре ҳам нияти аз мақсадаш даст кашиданро кардааст? Бале, ӯ мегӯяд борҳо мехост аз варзиш комилан даст кашад, аммо ирода ва бовар ба худ ҳар бор ӯро бармегардонд.
Дило ДОРОБШОЕВА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ