Тавсияи Абдулқодирзода ба кормандони НБО-и “Роғун”
Раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода ба коргарони НБО-и “Роғун” тавсия дод, ки ҳангоми кор дар ин иншооти бузург рӯза нагиранд.
Ба гуфтаи ӯ, кори ин гурӯҳ аз нигоҳи ҷисмонӣ ниҳоят сангин буда, гуруснагӣ ва ташнагии шадид метавонад ба саломатии онҳо хатар эҷод кунад.
Раиси Шӯрои уламо таъкид кард, ки чунин шахсон метавонанд рӯзҳои рӯзаи аз дастрафтаро дар фурсати муносиб ҷуброн кунанд.
Ҳамчунин, ӯ афзуд, ки беморон, занони ҳомила, шахсони солхӯрда ва сафаркунандагон низ ҳақ доранд рӯзаи худро ба вақти дигар гузоранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ