Мулло Умар ба ҷойи Масъуд. Толибон қабри Аҳмадшоҳро тахриб карданд

BBC Persian бо нашри наворе аз мақбараи Аҳмадшоҳ Масъуд дар Панҷшер хабар дод, ки онро хароб кардаанд. Манбае, ки наворро ирсол кардааст, ба ин расона гуфтааст: “Неруҳои Толибон* вориди мақбараи Аҳмадшоҳ Масъуд шуда, санги мақбараашро шикастанд».

Ин рафтори хашини Толибон вокуниши тунди пайравони Аҳмадшоҳ Масъудро ба бор овард ва онҳо аз Толибон* талаб карданд, ки нафари тахрибкор боздошт, муаррифӣ ва муҷозот карда шавад.

Ин маротиба аввал нест, ки Толибон бо мақбараи Қаҳрамони миллии Афғонистон ситеза мекунанд. Қаблан, вақте ба тозагӣ қудратро дар ин кишвар ғасб карданд ва барои ҷанг ба Панҷшер омаданд, низ мақбараи Аҳмадшоҳи Масъудро хароб карда буданд.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории “Аamajnews” иттилоъ медиҳад, ки Толибон мақбараи Мулло Умар, бунёдгузори ин гуруҳро рӯнамоӣ кардаанд.

Ба иттилои ин расона, Аҳмадуллоҳ Васиқ, раиси радио ва телевизиони миллии Афғонистон таҳти идораи Толибон рӯзи якшанбе, 6-уми ноябр бо нашри тасовире аз як мақбарае гуфтааст, ки ин оромгоҳи раҳбари пешини Толибон аст.

Қаблан ҳукумати собиқи Афғонистон эълом карда буд, ки Мулло Умар дар ҳамлаи соли 2013 дар Покистон кушта шудааст. То ҳол касе дар хусуси макони дафни Мулло Умар ҳеҷ хабаре надоштанд.

*Толибон — гуруҳи террористии фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.