Мулоқоти Аббос Ароқчӣ бо Владимир Путин дар Маскав
Дар шаҳри Маскав мулоқоти Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон бо Владимир Путин, президенти Русия баргузор шуд.
Дар оғози гуфтугӯ Путин ҳамлаи Амрико ба таъсисоти ҳастаии Эронро “таҷовузи беасос” унвон кард ва изҳор дошт, ки Русия талош хоҳад кард ба мардуми Эрон кӯмак расонад.
Бино ба иттилои расмӣ, дар ҷараёни мулоқот тарафҳо масъалаҳои муҳими марбут ба Ховари Миёна, аз ҷумла ҳамлаҳои ахири Амрикову Исроил ба хоки Эронро баррасӣ карданд.
Мавзӯи суботи минтақа ва ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷӣ миёни ду кишвар низ дар меҳвари гуфтугӯҳо қарор гирифтаанд.
Ин дидор дар ҳоле сурат мегирад, ки танишҳо миёни Теҳрон ва Вашингтон бори дигар шиддат ёфта, вокунишҳои байналмилалиро ба миён овардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ