Мулоқоти Давлаталӣ Саид бо Ҳусейн Озхан
Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон бо Ҳусейн Озхан, директори Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон мулоқот кардааст.
Давлаталӣ Саид афзуд, ки Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) вилояти Хатлонро дар самти амалӣ намудани барномаҳои иҷтимоӣ дастгирӣ мекунад. Чанд лоиҳае, ки дар якҷоягӣ татбиқ мегардад, ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии вилояти Хатлон нигаронида шудааст, — таъкид кард ӯ.
Дар мулоқот масоили иқтисодиву сармоягузорӣ дар самтҳои обрасонӣ, энергетика, хизматрасонии нақлиёти мусофиркаш ва ғайра мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳусейн Озхан, директори иҷроияи БАТР дар Осиёи Марказӣ ва Муғулистон зикр намуд, ки дар натиҷаи ҳамкориҳои судманд бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд тавонист дар сармоягузории лоиҳаҳои муҳими бахшҳои давлатӣ, аз ҷумла барномаи қарздиҳии хурд, сармоягузории мустақим, мусоидат ба таҷдид ва рушди соҳаи кишоварзӣ, соҳибкории хурду миёна, обтаъминкунӣ, инфрасохтори шаҳру деҳот, дастгирии занон ва ҷавонон иштироки фаъолона намуда, дар рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон саҳми босазо гузошта истодааст.
Амалисозии лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон” бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, мақсади татбиқи он ҷорӣ намудани хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии дохилишаҳрӣ ва наздишаҳрӣ бо истифода аз автобусҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасонии мусофиркашӣ, паст кардани ҳолатҳои тамбашавии нақлиёт дар роҳҳои мошингард, баланд бардоштани бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва беҳтар намудани вазъи экологӣ иборат мебошад.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки БАТР дар доираи лоиҳаҳои худ дар самти беҳтар намудани низоми идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ба шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Данғара ва Ёвон кӯмак карда истодааст.
Изҳори итминон карда шуд, ки чунин мулоқотҳо ба рушди ҳамкориҳои минбаъдаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд такони хуб мебахшанд.
Дар ин бора ба Pressa.tj аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ