Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Масъуди Пизишкиён дар Озарбойҷон
Имрӯз, 4 июл дар шаҳри Ханкендии Озарбойҷон мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён сурат гирифт. Ин дидору мулоқоти сарони ду давлат дар ҳошияи Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) баргузор шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, дар вохӯрӣ вазъи феълии ҳамкории ду кишвар ва масъалаҳои рӯзномаи саммит баррасӣ шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкиму густариши беш аз пеши робитаҳои гуногунҷанба бо Ҷумҳурии Исломии Эрон алоқаманд мебошад.
“Дар робита ба ҳодисаҳои ахири дар кишвари дӯст рухдода, ҳамдардии самимии Сарвари давлат ва мардуми Тоҷикистон ба кулли мардуми бародари Эрон иброз гардид.
Ҷонибҳо аз вазъи феълии муносибатҳои дуҷониба ва рушду густариши онҳо изҳори қаноат намуданд”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ