Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо муовини аввали Дабири кулли СММ

Имрӯз, 29 май Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муовини аввали Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Амина Муҳаммадро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он баррасӣ гардид.

Роҳбари давлат  Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки бо туфайли ҳамкории босамари Тоҷикистону Созмони Милал ташаббусҳои кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар арсаи байналмилалӣ ҷонибдории васеъ ёфтаанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, ба масъалаҳои рӯзномаи нахустин конфронси сатҳи баланд оид ба пиряхҳо, ки дар Тоҷикистон баргузор мегардад, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон барои таъмини сулҳу субот дар саросари ҷаҳон пайваста бо шарикони байналмилалӣ, бахусус ниҳодҳои Созмони Милал ҳамкории босамар дорад.

“Ҳамкории созанда ва густурда бо Созмон дар самти обу иқлим ва ташаббуси навбатии муҳими байналмилалии Тоҷикистон якҷо бо Ҷумҳурии Фаронса оид ба қабули қатъномаи Маҷмаи Умумӣ доир ба “Даҳсолаи илмҳои криосферӣ” аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *