Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Си Ҷинпин

Дар доираи Ҳамоиши дуюми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин, ки дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин  Си Ҷинпин мулоқоти муҳим анҷом дод.

Дар ҷараёни суҳбат, ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чинро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати таҳкиму тавсеаи муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки сафари таърихии давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон, ки соли гузашта баргузор шуда буд, уфуқҳои нави шарикиро дар ҳамаи самтҳо кушод ва барои таҳкими робитаҳои ду кишвар заминаи мустаҳкам фароҳам овард.

Мулоқоти ҷонибҳо дар фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимоди комил баргузор гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *