Мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо роҳбарони ниҳодҳои амниятии кишварҳои ИДМ
16 май дар Қасри Миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи навбатии Шӯрои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)-ро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар оғози мулоқот Сарвари давлат меҳмононро хайрамақдам гуфта, аз ҳамкориҳои судманд ва ҳамоҳангшудаи сохторҳои қудратӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои ИДМ изҳори қаноатмандӣ карданд. Президенти кишвар ба талошҳои муштараки ҷонибҳо дар таъмини амнияти минтақа баҳои баланд доданд.

Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба вазъи мураккаби сиёсати байналмилалӣ ва афзоиши хатару таҳдидҳои глобалӣ таъкид намуданд, ки масъалаи таҳкими амният дар фазои пасошӯравӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Сарвари давлат зикр намуданд, ки таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, тундгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа, ҳамчунин ҷиноятҳои киберӣ ба амнияти минтақа хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд ва ниёз ба вокуниши ҳамоҳанг доранд.
Президенти Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки бо мақсади татбиқи Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии СММ, кишвар ду стратегияи миллиро дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ таҳия ва қабул намудааст.
Дар анҷоми мулоқот, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои амалӣ дар самти амният, аз ҷумла тавассути «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ», таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва омода аст талошҳоро дар ин самт идома диҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ