Мулоқоти раиси Бонки миллӣ бо ҳайати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд
19-уми майи соли 2025 дар мулоқоти роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳайати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд маҷмуи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи барномаҳои рушди иқтисод барои солҳои 2024-2029 баррасӣ гардиданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода аз ҳамкории бисёрсола бо БАТР – ҳамчун шарики боэътимоду устувор изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки тавассути ҳамкории босамар имрӯз дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ, бахусус низоми бонкӣ лоиҳаҳои зиёд амалӣ шуда истодаанд. Татбиқи лоиҳаҳои муштарак имкон дод, ки пешравиҳои назаррас дар самти баланд бардоштани сатҳи идоракунии корпоративӣ, рушди бозори пул ва сармоя, такмили сиёсати пулию қарзӣ ва рушди бахши суғуртаи кишвар ба даст оянд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот доир ба роҳандозии ҳамкорӣ бо мақсади таҳкими иқтидори назорати суғуртавӣ, таҳия ва такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, рақамикунонии хизматрасониҳои соҳаи суғурта, гузаронидани чорабиниҳо оид ба саводнокии аҳолӣ дар ин самт, инчунин принсипҳои идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ ва корпоративӣ, таҳлили хатарҳои иқлимӣ дар муассисаҳои молиявӣ ва рушди бозори маблағгузории сабз суҳбат намуданд.
Таъкид гардид, ки ислоҳоти институтсионалии низоми молиявии сабз барои бахши молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим буда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» ислоҳоти институтсионалиро оид ба ҷалби маблағгузории сабз ҳадаф қарор додааст.
Муовини директор оид ба стратегияи сиёсати иқтисодии БАТР ҷаноби Либор Кркоска ва роҳбари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон ҷаноби Холгер Вифел ҷалби лоиҳаҳо ба рушди бахши хусусӣ, таҳкими устувории низоми молиявӣ, суръат бахшидан ба модернизатсияи иқтисодӣ, ташаккули иқтисодиёти сабз, тақвияти идоракунии корпоративӣ ва рушди низоми молиявиро аз самтҳои муҳими дурнамои ҳамкорӣ арзёбӣ намуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ