Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шӯрои директорони “Евронюс”
Имрӯз, 30 май дар шаҳри Душанбе мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои директорони шабакаи телевизионии «Евронюс» Педро Варгас Сантос Давид сурат гирифт.
Дар ин бора аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Мулоқоти ҷонибҳо дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки дар шаҳри Душанбе идома дорад, баргузор шуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ бо шабакаро баррасӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Раиси Шурои директорони шабакаи телевизионии «Евронюс» Педро Варгас Сантос Давид бо мақсади иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон қарор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ