Мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо сафири Кореяи Ҷанубӣ

Имрӯз, 5 март Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон бо Квон Донгсок, сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот кард.

Ин мулоқот дар доираи Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони “Марҳабо ба Хатлони бостон” дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

Давлаталӣ Саид нахуст меҳмононро ба вилояти Хатлон хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ сол то сол рушд ёфта истодааст ва ин ба манфиати ҳар ду ҷониб аст.

Ҳамчунин, ӯ дар бораи вилояти Хатлон, ки яке аз минтақаҳои калонтарин ва дорои захираю имкониятҳои васеи ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф мебошад, маълумот дода, таъкид кард, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои рушди соҳибкорӣ ва махсусан барои соҳибкорони хориҷӣ тамоми шароити заруриро муҳайё кардааст.

Квон Донгсок, сафири Кореаи Ҷанубӣ гуфт, ки ҳоло барои татбиқи се лоиҳаи бузург дар вилояти Хатлон корбарӣ идома дорад. Ӯ афзуд, ки моҳи майи имсол санги асоси яке аз корхонаҳо гузошта мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *