Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Аббос Ироқчӣ
30-юми июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот намуда, масъалаи ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди гуфтугӯ қарор доданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масоили вобаста ба рушди муносибатҳои дӯстӣ ва густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сарвари кишвар аз раванди рӯ ба пешрафти муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни роҳбарони ду кишварро дар таҳкими робитаҳо муҳим арзёбӣ карданд.
“Алоқамандии ҳар ду ҷониб ба тавсеи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, саноат, ҳамлу нақли байналмилалӣ, кишоварзӣ, илму фанноварӣ, тандурустӣ, гардишгарӣ, фарҳанг ва дигар бахшҳо таъкид гардид”,- зикр кард дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон.
Дар ҷараёни мулоқот мавзуи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар маркази таваҷҷуҳи хос қарор доштанд ва ҳар ду ҷониб омодагии худро барои рушди робитаҳо дар бахшҳои калидӣ таъкид намуданд.
Аз ҷумла, соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёти байналмилалӣ, кишоварзӣ, илм ва технология, тандурустӣ, сайёҳӣ ва фарҳанг ба ҳайси самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ номбар шуданд.
Ҳамзамон, гуфтугӯи судманд доир ба масъалаҳои муҳими минтақавию байналмилалӣ, ки мавриди таваҷҷуҳи муштараки ҷонибҳо мебошанд, доир гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ