Мулоқоти намояндаи Тоҷикистон дар СММ бо раиси БРСММ

 Ҷонибек Ҳикмат намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид бо Александр Де Кроо мудири тозатаинӣ, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) гуфтугӯ кардааст. Дар ин бораи Вазорати корҳои хориҷӣ Тоҷикистон хабар додааст. Ин мулоқот рӯзи 16-уми январд сурат гирифтааст.

Ба иттилои манбаъ дар ин мулоқот ҷонибҳо роҳҳои тақвияти минбаъдаи шарикии тӯлонии байни Тоҷикистон ва БРСММ-ро дар самтҳои авлавиятнок, аз қабили тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, мудирити захираҳои об, рақамикунонӣ ва истифодаи масъулиятноки зеҳни сунъӣ, инчунин густариши истифодаи энергияи сабз баррасӣ карданд.  

  Дар фарҷоми суҳбат, намояндаи Тоҷикистон ҷаноби Александр Де Крооро барои иштирок дар Конфронси 4-уми оби Душанбе, ки аз 25 то 28 майи соли 2026 баргузор мешавад, даъват кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *