Муъминҷон Шарифзода: Орзуҳои шумо дар донишгоҳи мо амалӣ мегарданд!

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ҲУҚУҚ, БИЗНЕС ВА СИЁСАТИ ТОҶИКИСТОН

Итиминон дорам, ки раёсат ва ҳайати профессорону устодони Донишгоҳи  давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар самти тақвияти корҳои илмӣ, таълимӣ ва тарбияи кадрҳои сазовор дучанд саъю талош намуда, дар мустаҳкам гардидани пояҳои давлати соҳибистиқлоламон саҳми худро мегузоранд.

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон самараи неки даврони Истиқлолияти давлатӣ буда, меҳвари кору пайкори ҳайати устодону профессоронро татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф, тарбияи насли созанда, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ташкил медиҳад.

Донишгоҳ 5 августи соли 1993 таъсис ёфта, тӯли фаъолияташ ба яке аз муассисаҳои бонуфузи илмӣ ва таълимии кишвар табдил ёфт.  Фаъолияти донишгоҳ дар асоси Иҷозатнома аз рӯи ихтисосҳои амалкунанда ва Шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатӣ ва байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.

М.М. Шарифзода, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Имрӯз дар сохтори донишгоҳ  6 факултет – 3 бинои таълимӣ,  11 лабораторияи муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосири инноватсионӣ, толорҳои барҳаво, китобхонаи илмӣ ва электронӣ, марказҳои компютерӣ ва тестӣ, марказҳои омӯзиши Аврупо ва забонҳо, Парки технологӣ, маҷмааи варзишӣ, хобгоҳи замонавӣ ба хизмати донишҷӯён вогузор шудааст. 

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дорои тамоми шароити таълим буда, донишҷӯён имкон доранд, ки дар раванди таълим аз таҷҳизоту технологияи муосир истифода баранд.

Дар соли таҳсили 2020-2021 ихтисосҳои информатика, омор, иқтисодиёт, сиёсатшиносӣ (фаъолияти сиёсӣ-ҳуқуқӣ), фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ, санҷиши судӣ, идораи давлатӣ ва ҳуқуқ, соҳибкории иҷтимоӣ, иқтисодиёти рақамӣ ва  ихтисосҳои омӯзгорӣ: омӯзгори асосҳои давлат ва ҳуқуқ,  математика ва информатика, забонҳои англисӣ ва  назарияи иқтисодиёт  ҷорӣ шуда, бо назардошти ихтисосҳои наву замонавӣ қабули довталабон аз рӯи 39 ихтисос ба роҳ монда шуд.

Ҳоло  дар донишгоҳ  9283 нафар донишҷӯ аз тамоми манотиқи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин,  1500 нафар донишҷӯён аз давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд.  Ба раванди таълиму тарбияи донишҷӯён 340 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 19 нафар доктори илм, профессор, 131 нафар номзади илм, дотсент, 108 сармуаллим, 78 муаллим ҷалб гардиданд.

Ҷиҳати такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ  машғулиятҳо дар 16 гурӯҳи академӣ бо забони русӣ, 5 гурӯҳи академӣ бо забони англисӣ ва 2 гурӯҳи академӣ бо забони хитойӣ гузаронида мешавад. Таҳсили ихтисосҳои молия ва қарз, муносибатҳои байналмилалӣ, иқтисодиёти  ҷаҳонӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Раёсати донишгоҳ  барои пешбурди фаъолият дар самти таҷрибаомӯзии донишҷӯён  бо 145 корхонаю ташкилот ва ширкатҳои истеҳсолӣ  шартномаҳои ҳамкорӣ дорад.  Хатмкардагони донишгоҳ дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат ва берун аз он – вазорату кумитаҳои давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ, сохторҳои молиявӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ фаъолият бурда метавонанд.

Ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ густариш ёфта, бо 34 муассисаи илмию таълимии Федератсияи Россия, 10 муассисаи ватанӣ, 13 муассисаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 4 муассисаи Ҷумҳурии Қирғизистон, 2 муассисаи Латвия, 2 муассисаи Украина, 4 муассисаи Қазоқистон, бо 1 муассисаҳои Ҷопон, ИМА, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Беларус, Хитой ва Ҳиндустон созишномаҳои ҳамкорӣ дорад.  Идомаи таҳсили донишҷӯён дар донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ, бахусус, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Россия, Беларус, Ӯзбекистон ва донишгоҳҳои кишварҳои Аврупою Амрико ва кор бо барномаҳои байналхалқӣ  доимӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар асоси ҳамкориҳои мутақобила бо Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд, Донишкадаи молияи Тошканд ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон сохтори нави таълимӣ ташкил карда шуд. Факултети муштараки навтаъсис аз рӯи ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ ва ҳуқуқи байналхалқӣ, инчунин кори бонкӣ ва молия ва қарз дар сатҳи стандарти ҷаҳонӣ мутахассисонро омода менамояд.

Дар донишгоҳ маҳфилҳои ҳунарӣ: дастаи созию овозии “Ошёни меҳр” театр-студияи “Парвози истеъдод”, гурӯҳи рақсии “Хушхиром” ва маҳфилҳои “Ганҷинаи ҳунар”, “Дастони моҳир”, маҳфилҳои варзишӣ оид ба намудҳои шашка, шоҳмот, волейбол, баскетбол, фитнес ва курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ, ҳунаромӯзӣ ва ронандагӣ амал мекунад. Донишҷӯён метавонанд дар маҳфилҳои амалкунанда ҳунар омӯзанд ва дар курсҳои кӯтоҳмуддат таҳсил намоянд.

Ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ғолибони  олимпиадаҳо ва озмунҳои мухталифи сатҳи ҷумҳуриявию вилоятӣ ва байналмилалӣ мунтазам қадрдонӣ шуда, барои ҳавасмандӣ ва дастгирии донишҷӯёни фаъолу лаёқатманд стипендияи раёсати донишгоҳ ҷорӣ карда шудааст.

ФАКУЛТЕТҲОИ ДОНИШГОҲ

• Ҳуқуқшиносӣ

• Бизнес ва идоракунӣ

• Молия

• Инноватсия ва телекоммуникатсия

• Сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ

• Баҳисобгирӣ ва андоз.

Ихтисосҳои муносибатҳои байналхалқӣ, ҳуқуқшиносӣ, молия ва қарз дорои Шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ буда,  донишгоҳ дар қатори даҳгонаи беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат пазируфта шудааст. Таҳсили ихтисосҳои молия ва қарз, муносибатҳои байналмилалӣ, иқтисодиёти  ҷаҳонӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Пас аз хатми донишгоҳ хатмкунандагони болаёқат метавонанд таҳсили худро дар магистратура, докторантура (PhD) ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (таҳсилоти дуюми олӣ) идома диҳанд.

Дар назди донишгоҳ Шӯрои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ аз рӯи ихтисоси иқтисодиёти минтақа амал мекунад.

Агар хоҳед, ки дар зеботарин таълимгоҳи олии инноватсионӣ таҳсил дошта бошед, якчанд забони хориҷиро барои рушди муносибатҳои байналмилалӣ омӯзед ва мутобиқ ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ таълим гиред, пас Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро интихоб намоед.

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони шумо!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *