Муноқишаи гурӯҳи наврасон дар кӯчаи Яккачинор
Рӯзи 9-уми июн дар кӯчаи Яккачинори шаҳри Душанбе як гурӯҳ наврасон байни худ муноқиша карда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудаанд.
Ин ҳодиса боиси нигаронии шаҳрвандон гардид ва навори муноқишаи онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд.
Кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Сино фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ҳамаи дастдорони муноқишаро дастгир карданд.
Ҳоло нисбати онҳо маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ