Муовини декан ба духтар дастдарозӣ карду ӯро аз тиреза берун партофт

Муовини декани Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Тошканд бо гумони озори ҷинсии донишҷӯи курси севум дастгир шудааст. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Узбекистон Шохрух Ғиёсов хабар додааст.

Бино ба навиштаи тарҳи Nemolchi, донишҷӯй М.К. барои пешниҳоди номзадияш ба ҷоизаи Зулфия, ба назди муовини декан оид ба корҳои ҷавонон рафта, аз ӯ хостааст, ки барояш тавсифнома диҳад. Муовини декан ба донишҷӯдухтар дастдарозӣ кардааст. Вале баъди фарёд задани духтару тақ-тақ шудани дар ӯро аз тиреза ба замин партофтааст.

Донишҷӯй бо нишонаҳои шикастани устухонҳои кос ва осеби мағзӣ дар беморхона бистарӣ шудааст.

Зидди муовини декан, ки 23 октябр дастгир гаштааст, бо бандҳои «таҷовуз» ва «барқасдона расонидани зарари ҷисмонӣ» парванда боз кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *